Дар Душанбе як зани мансабдор бо пора боздошт шуд

Сардори шуъбаи кадрҳои КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саодат Ҳомидова ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ки Агении зиддифасоди кишвар хабар медиҳад, дар давраи ифои вазифа дар ин мансаб ӯ барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оид ба собиқаи хизматӣ аз як шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб […]

Сардори шуъбаи кадрҳои КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саодат Ҳомидова ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки Агении зиддифасоди кишвар хабар медиҳад, дар давраи ифои вазифа дар ин мансаб ӯ барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оид ба собиқаи хизматӣ аз як шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, аз маблағи талабнамудааш 1 ҳазор сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3 ҳазор дигарро талаб намудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова баъди гирифтани 3 ҳазор дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саодат Ҳомидова бо моддаи 319 қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Дар ин модда аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё 5 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти рӯзи 2 феврали Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон роҳбари ин ниҳод Сулаймон Султонзода хабар дод, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентӣ 2088 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки дар содир намудани он он 1274 шаҳрванд даст доштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.