Вазъи се захмии таркиши “заправка”-и Қубодиён бетағйир боқӣ мондааст: “хеле вазнин”

Вазъи сиҳатии се тан захмии таркиши шоми дирӯз дар як нуқтаи маводи сӯхти ноҳияи Қубодиён бетағйир боқӣ мондааст. Дирӯз масъулони Беорхонаи марказии ноҳия вазъи ин се нафарро хеле вазнин арзёбӣ карда буданд.  Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ойматов ба “АП” хабар дод, то соати 8:00 субҳи 22 феврал, вазъи се нафар ҷабрдидае, ки дар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Вазъи сиҳатии се тан захмии таркиши шоми дирӯз дар як нуқтаи маводи сӯхти ноҳияи Қубодиён бетағйир боқӣ мондааст. Дирӯз масъулони Беорхонаи марказии ноҳия вазъи ин се нафарро хеле вазнин арзёбӣ карда буданд. 

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ойматов ба “АП” хабар дод, то соати 8:00 субҳи 22 феврал, вазъи се нафар ҷабрдидае, ки дар шуъбаи эҳёи ду беморхона бистариянд, бе тағйир боқӣ мондааст.

“Ба соати 8:00 22 феврал ҳолати онҳо тағйир наёфтааст. Табибон барои наҷоташон тамоми кушишу имкониатҳоро ба кор бурда истодаанд. Табобати сӯхтагӣ ин дуру дароз аст, дар як муҳлати кутоҳ чизе тағйир намеёбад. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд, умед дорем, ки наҷоташон хоҳем дод”,- гуфт сардухтур.

Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, дар маркази ноҳияи Қубодиён, пеш аз асри рӯзи 21-уми феврал рух дод. 

Сомонаи ВКД кишвар хабар додааст, ки сӯхтор дар сӯхтфурӯшии ҶДММ “Ориён нафт” соати 15:04 дақиқиа 21 феврал сар задааст. Ин ниҳод масоҳати сӯхторро 280 метри мурабаъ гуфта. Ба навиштаи ВКД сӯхтор аз таркиши як зарфи гази моеъ сар задааст. 

 Дар натиҷаи ин сухтор 13 нафар ҷароҳати ҷисмони бардошта, 6 мошин ва ду чорво талаф ёфтааст.

 

https://www.youtube.com/watch?v=O2ez9SV50dk

Виде аз корбарони шабакаи Youtube

Шоми 21 феврал хабарнигори “Азия-Плюс” ба ҷойи ҳодиса сафар кард ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар суҳтаби кутоҳ  гуфтанд, ки 14 нафар дар ин ҳодиса зарари ҷисмонӣ бардошта 7 мошин зарар дидааст.

Як манбаъ, субҳи имрӯз дар як суҳбати телефонӣ хабар дод, ки хонаҳои сокинони маҳалӣ, ки дар шафати нуқтаи сузишворӣ қарор доштанд низ зарар дидаанд. Алангаи оташ то бинои Додгоҳи ноҳия, ки дар муоқбили ин нуқтаи сузишворӣ қарор дорад расидааст ва ҳама навиштаҷоти берунии бинои додгоҳ низ зарар дидаанд.

Дирӯз баъди сар задани ҳодиса зарардидагони ин сӯхторро ба беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва Беморхонаи ҷумҳуриявии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода буданд. 

Дирӯз як манбаъ аз Беморхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, 8 нафар ҷабрдидагон ба онҳо муроҷиат намуда, ҳолати 2 нафарашон вазнин аст, ки дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд. Боқимонда 6 нафари дигар осори сӯхтаҳои дараҷаи миёна дошта, зери муоинаи табибон қарор гирифтаанд.

Холмурод Ойматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ба онҳо низ 6 нафар муроҷиат карда, вазъи солимии яке аз онҳо – Раҷаб Маллаеви 21-сола вазнин ва ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. 5 ҷабрдидаи дигар пас аз расонидани кумаки тиббӣ ба хонаҳояшон русхат шудаанд.

Тибқи маълумоти кормандони тиббӣ, осори захмҳои сӯхта дар бадани онҳое, ки дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд, беш аз 90%-ро ташкил дода, табибон баҳри наҷоти онҳо талош меварзанд.

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ду гуруҳи мутахассисони ҷумҳурӣ ва вилоят барои кумак ба табибони Қубодиён сафарбар шудаанд.

Сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён тахминан байни соатҳои 15 ва 16-и рӯз рух дода, бар асари он ин нуқта пурра ба коми оташ рафт. Ба оташнишонон муяссар шуд, ки таркиши як зарфи 10 тоннаи газро пешгирӣ кунанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамчунин нуқтаи хидматрасонӣ барои автомошин низ осеб дидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.