Дар роҳи Панҷакент-Саразм велосипедрон зери чархи мошин ҳалок шуд

Дар роҳи мошингарди Панҷакент-Саразм дар вилояти Суғд рӯзи 18 феврал сокини шаҳри Панҷакент Матлаб Бозорови 56-сола бо дучархааш (велосипед) зери чархи мошин монда ҳалок шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, вобаста ба ин қазия ронандаи автомашинаи Opel-Astra сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент Рамазон Ҷумақов боздошт шудааст. Бино ба маълумоти ВКД, ронанда ҳангоми ҳаракат […]

Дар роҳи мошингарди Панҷакент-Саразм дар вилояти Суғд рӯзи 18 феврал сокини шаҳри Панҷакент Матлаб Бозорови 56-сола бо дучархааш (велосипед) зери чархи мошин монда ҳалок шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, вобаста ба ин қазия ронандаи автомашинаи Opel-Astra сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент Рамазон Ҷумақов боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, ронанда ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархаронро пахш кардааст, ки  дар натиҷа Бозоров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти матбуотии ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 зикр гардида буд, ки дар соли гузашта 1 ҳазору 102 ҳолати садамаи нақлиёт (соли 2020 – 1109 ҳодиса) сабт шуда буд, ки бар асари он 395 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 218 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.