Дилшод Назаров аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод шуд

Қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон Дилшод Назаров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд. Ҳоло ба кадом мансаби дигар таъин шудани ӯ маълум нест. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қарори дахлдори ҳукуматро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал […]

Қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон Дилшод Назаров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд. Ҳоло ба кадом мансаби дигар таъин шудани ӯ маълум нест.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қарори дахлдори ҳукуматро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал ба имзо расонидааст.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров қаблан ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, бо қарорҳои дигари ҳукумат, Шабнам Раҳимзода муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Сураҷ Чоршанбезода ва Парвиз Собирзода – муовинони раиси Кумита таъин шудаанд.

Дилшод Назаров ба ҷуз қаҳрамони Олимпиадаи 2016, ҳамчунин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳони соли 2015 ва 3 тилои  Бозиҳои осиёиро дорад. Ҳамчунин ӯ қаҳрамони 5-каратаи  Осиё аст.

The Athletics Integrity Unit 15 марти соли 2021 Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва ягонаи қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар  дар мусобиқаҳо маҳрум кард.

Худи Дилшод Назаров дар як вокунишаш ба ин тасмими The Athletics Integrity Unit гуфтааст, ки ӯ маводи мамнуъро истифода набурдааст ва гуфтааст, ки "ӯ дар Олимпиадаи Токио як рақиби ноқулайе буд".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.