“Диссернет” ректори нави Донишгоҳи молияву иқтисодро ҳам ба асардуздӣ муттаҳам мекунад

Ҳакимбек Абдуалимзода (дар гузашта Сандалов Ҳакимбек Абдулалимович), ки дирӯз бо фармони раиси ҳукумат ректори нави Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуд, аз ҷониби пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ба сирқати илмӣ ё асардуздӣ муттаҳам мешавад. Пойгоҳ менависад, ки Абдуалимзода Ҳакимбек бо насаби Сандалов Хакимбек Абдулалимович соли 2012 рисолаи номзадишаро дифоъ кардааст. “Диссернет” дар шарҳи кори илмии Сандалов […]

Ҳакимбек Абдуалимзода (дар гузашта Сандалов Ҳакимбек Абдулалимович), ки дирӯз бо фармони раиси ҳукумат ректори нави Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуд, аз ҷониби пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ба сирқати илмӣ ё асардуздӣ муттаҳам мешавад.

Пойгоҳ менависад, ки Абдуалимзода Ҳакимбек бо насаби Сандалов Хакимбек Абдулалимович соли 2012 рисолаи номзадишаро дифоъ кардааст.

“Диссернет” дар шарҳи кори илмии Сандалов навиштааст, ки тафтиши коршиносони пойгоҳ ҳанӯз ба анҷом нарасидааст ва агар дар идома кор куллан ташхис шавад, имкон дорад иловаҳое ба вуҷуд ояд.

Сомонаи расмии Донишгоҳи молия ва иқтисод ҳам менависад, ки Абдуалимзода моҳи ноябри соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Асосҳои назариявии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва гузариш (дар мисоли ҶТ)» ҳимоя намудааст.

Пойгоҳи “Диссернет” дар шарҳи асардуздии ректори нав менависад, ки ӯ моҳи ноябри соли 2012 ҳангоми навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи «Асосҳои назарии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва дар ҳоли гузор (дар мисоли ҶТ)» (Теоретические основы внешнеэкономической безопасности в условиях открытой и переходной экономики) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Абдурашид Давлатов “Покупательная способность денег в условиях переходной экономики”, ки соли 2011 дифоъ шудааст, Татяна Ромашенко “Экономическая безопасность национального хозяйства: теория, методология, воспроизводство”, ки соли 2003 дифоъ шудааст ва ду дисертатсияи дигар рӯйбардор карда, даст ба асардӯздӣ задааст.

Ин пойгоҳ навиштааст, ки Абдуалимзода (Сандалов) Ҳакимбек  дар 25 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Татяна Ромашенко ва дар 27 саҳифааш аз рисолаи Абдурашид Давлатов саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Гуфта мешавад, ки Абдуалимзода (Сандалов) Ҳакимбек 10 ноябри соли 2012 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳоло ректори он таъин шуд, зери роҳбарии Туҳфа Усмонова дифоъ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Абдуалимзода ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дар пайи тағйироти кадрӣ Ҳакимбек Абдуалимзода (Сандалов), ки то ин дам ба унвони муовини ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекард, ректори ин ниҳод таъин шуд.

Абдуалимзода ба ҷойи Шукрулло Хайрзода таъин шуд, ки дувумӣ бо қарори раиси ҳукумат муовини вазири мавориф ва илми кишвар таъин шуд. Худи Шукрулло Хайрзодаро ҳам “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам карда буд.

Гуфта мешавад, ки Ҳакимбек Абдуалимзода номзади илмҳои иқтисодӣ буда, аз январи соли 2020 ҳамчун муовини ректори ин донишгоҳ фаъолият мекард.

Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.