Рубл дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз 3,4% беқурб шуд

Давоми шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия дар Тоҷикистон нисбат ба асъори маҳаллӣ (сомонӣ) ба андозаи 4,3% поин рафт. Мувофиқи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 22 феврал муқарраршуда, 1 ҳазор рубл ба 144 сомонӣ баробар мебошад, ки 5 сомонӣ камтар нисбати як рӯзи пештар аст. Беқурбшавии рубли Русияро тайи шабонарӯзи гузашта ВАО-и […]

Давоми шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия дар Тоҷикистон нисбат ба асъори маҳаллӣ (сомонӣ) ба андозаи 4,3% поин рафт.

Мувофиқи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 22 феврал муқарраршуда, 1 ҳазор рубл ба 144 сомонӣ баробар мебошад, ки 5 сомонӣ камтар нисбати як рӯзи пештар аст.

Беқурбшавии рубли Русияро тайи шабонарӯзи гузашта ВАО-и ин кишвар ба шиддат гирифтани вазъияти марбут ба Укроин рабт медиҳанд.

“Қурби доллар замони ифтитоҳи савдо дар Биржаи Маскав рӯзи 22 феврал марзи 80 рублро гузашт. Бозори саҳмияҳои Русия аз рӯи индекси Биржаи Маскав қариб 5% поин рафт. Сабабаш вазъи геополитикӣ аст”, – хабар медиҳад “Российская газета”.

Гуфта мешавад, қурби доллар чанде қабл замони муроҷиати видеоии президенти Русия Владимир Путин дар робита ба вазъият дар Укроин ва эътирофи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луҳанск марзи 80 рублро гузашта буд.

“Субҳи рӯзи 22 феврал коғазҳои қиматноки пардохтпазир ҷараёни чандҷониба нишон медиҳанд, бахусус қимати “Газпром” ва “Роснефт” меафзояд. Қурби расмии доллар ва евро дар ҳоли ҳозир беш аз 3 рубл поинтар нисбат ба биржаҳо аст”, – зикр мегардад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки қурби рубл дар бонкҳои Тоҷикистон барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле муҳим аст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, зиёда аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.