Дар Укроин вазъи низомӣ эълон карда шуд

Asia-Plus

Дар пайи эъломи амалиёти вижа аз сӯйи Русия дар минтақаи Донбас дар шарқи Укроин, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, ки вазъияти низомӣ дар саросари Укроин ҷорӣ мешавад.

Ӯ дар наворе, ки дар сафҳаи фейсбукияш нашр кард, гуфт, ки дар пайи эъломи Путин, Русия ба зерсохторҳои низомӣ ва нерӯҳои марзии Укроин ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Укроин дар бисёре аз шаҳрҳои ин кишвар садои таркиш шунида шудааст.

Зеленский афзуд: "Мо дар тамоми минтақаҳои кишварамон вазъияти низомӣ ҷорӣ мекунем. Чанде пеш бо раисҷумҳур Байден суҳбат кардам. Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир ба омода кардани кумакҳои байналмилалӣ оғоз кардааст. Ҳаддалимкон дар хона бимонед, мо кор мекунем артиш кор мекунад, кулли бахши амниятии Укроин кор мекунад".

Чанде пеш Вазорати дифои Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки инфрасохторҳои низомӣ, иншооти дифоъи ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва ҳавонавардии артиши Укроин аз силоҳҳои дақиқи баланд корношоям шудаанд.

Ҳамлаи Русия ба Укроин аз ҷониби бисёр кишварҳо ба вокунишҳои сахте дучор шуд. Аз ҷумла Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониёи Кабир пас аз сӯҳбат бо Зеленский гуфт, ки Бритониё ва муттаҳидонаш ба иқдомҳои Русия "қотеъона посух хоҳад дод".

Ҳамчунин Ҷо Байден гуфт, ки Амрико, муттаҳидон ва шарикон имрӯз алайҳи Русия таҳримҳои сахте ҷорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...