Путин дастури омодабошии неруҳои атомии Русияро содир кард

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Вазорати дифои Русия дастур дод, ки нерӯҳои боздорандаи ҳастаии артиши Русия дар ҳоли омодабоши вижа қарор гиранд. 

Ӯ ин дастурро рӯзи якшанбе, 27 феврал дар нишасте дар Кремлин бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар содир кард.

Раисҷумҳури Русия гуфт, ки мақомоти баландпояи кишварҳои ғарбӣ изҳороти ҳуҷум алайҳи Русияро баён кардаанд. Ӯ таҳримҳои кишварҳои ғарбиро "ғайриқонунӣ" хонд.

Дар ин ҳол Амрико ба дастури Путин дар мавриди қарор додани нерӯҳои ҳастаии Русия дар ҳоли омодабоши "вижа" посух дод.

Линда Томас Гринфилид, сафири Амрико  дар  Созмони Милал дар мусоҳиба бо шабакаи Си-Би-Эс ин иқдоми Русияро "ғайри қобили қабул" хонд.

Ба иттилои BBC ӯ гуфтааст, ки "ин ба маънои он аст, ки раисҷумҳур Путин ба гунае ба шидат бахшидани ин ҷанг идома медиҳад, ки комилан ғайри қобили қабул аст ва мо бояд ба қавитарин шакли мумкин иқдомоти ӯро мутаваққиф кунем"

Ёдовар мешавем, ки аз ҳамлаи Русия ба Укроин чаҳор рӯз мегузарад. Дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, таҳримҳои сахти ҷаҳонӣ алайҳи Русия ҷорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...