Ҳабси як мард дар Душанбе, ки ба болои мошин баромада, доду фарёд мекард

Шамшод Сулаймонови 27-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони милитсияи Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази пойтахт боздошт ва ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми 24 феврал ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ӯ дар болои автомашинаи […]

Шамшод Сулаймонови 27-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони милитсияи Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази пойтахт боздошт ва ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми 24 феврал ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ӯ дар болои автомашинаи тамғаи «БМВ» бо овози баланд доду фиғон намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро халалдор сохтааст.

“Ҳамзамон ин амали худро намоишкорона ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардидааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шамшод Сулаймонов тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.