Путин дастури омодабошии неруҳои атомии Русияро содир кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Вазорати дифои Русия дастур дод, ки нерӯҳои боздорандаи ҳастаии артиши Русия дар ҳоли омодабоши вижа қарор гиранд.  Ӯ ин дастурро рӯзи якшанбе, 27 феврал дар нишасте дар Кремлин бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар содир кард. Раисҷумҳури Русия гуфт, ки мақомоти баландпояи кишварҳои ғарбӣ изҳороти […]

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Вазорати дифои Русия дастур дод, ки нерӯҳои боздорандаи ҳастаии артиши Русия дар ҳоли омодабоши вижа қарор гиранд. 

Ӯ ин дастурро рӯзи якшанбе, 27 феврал дар нишасте дар Кремлин бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар содир кард.

Раисҷумҳури Русия гуфт, ки мақомоти баландпояи кишварҳои ғарбӣ изҳороти ҳуҷум алайҳи Русияро баён кардаанд. Ӯ таҳримҳои кишварҳои ғарбиро "ғайриқонунӣ" хонд.

Дар ин ҳол Амрико ба дастури Путин дар мавриди қарор додани нерӯҳои ҳастаии Русия дар ҳоли омодабоши "вижа" посух дод.

Линда Томас Гринфилид, сафири Амрико  дар  Созмони Милал дар мусоҳиба бо шабакаи Си-Би-Эс ин иқдоми Русияро "ғайри қобили қабул" хонд.

Ба иттилои BBC ӯ гуфтааст, ки "ин ба маънои он аст, ки раисҷумҳур Путин ба гунае ба шидат бахшидани ин ҷанг идома медиҳад, ки комилан ғайри қобили қабул аст ва мо бояд ба қавитарин шакли мумкин иқдомоти ӯро мутаваққиф кунем"

Ёдовар мешавем, ки аз ҳамлаи Русия ба Укроин чаҳор рӯз мегузарад. Дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, таҳримҳои сахти ҷаҳонӣ алайҳи Русия ҷорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.