Вазири нави маориф: Нахустин коре, ки мехоҳем, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири тозатаъини маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода ният дорад, ки дар навбати аввал ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ноил гардад.

Ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи иқдомҳои нахустин ба сифати вазир дар ин соҳа ӯ чунин посух дод:

“Мо мутобиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат амал мекунем, яъне бояд ҳамаи дастуру супоришҳоеро, ки зимни паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар ҷараёни вохӯриву ҷаласаҳо дода шудаанд, иҷро кунем”.

Ба савол дар бораи мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи маорифу илм Раҳимҷон Саидзода таъкид дошт, ки аз мушкилоти ин соҳа ҳама огаҳанд.

“Лекин яке аз мушкилоти асоси начандон баланду шоиста будани мақоми омӯзгор миёни ҷомеа аст. Аввалин коре, ки мехоҳем, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст. Тавре ки медонед, айни замон ҳукумат омӯзгоронро хуб дастгирӣ мекунад. Аз моҳи июли соли 2022 маоши муаллимон боз ба андозаи 20% боло бурда мешавад. Мо низ кӯшиш мекунем, ки аз дигар тарзҳои ҳавасмандсозӣ истифода кунем”, – иброз дошт Саидзода.

Вазир таъкид намуд, ки ба ҳамаи роҳбарони воҳидҳои ниҳод дастур додааст, ки дар муҳлати даҳ рӯз мушкилоти ҷойдоштаро дар соҳаи маориф муайян ва онҳоро ба раҳбарияти вазорат пешиҳод кунанд.

Ёдрас мекунем, ки Раҳимҷон Саидзода 21 феврал вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин шуд. Дар ин мансаб ӯ Муҳаммадюсуф Имомзодаро иваз кард.

Саидзода дар ҳоле ба курсии вазири маориф такя мезанад, ки ҳамтои пешинаш бар пайи як идда изҳорот, аз ҷумла дар бораи маршировкаву тарки кор кардани муаллимону ба хидмати сарбозӣ ҷалб шудани донишҷӯёну магистрон сари забонҳо буд. Ин изҳорот интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми ахираш ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паём, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд.

– Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, – гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Собиқ вазир маориф Имомзода чанде қабл зимни нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқоди президентро “сад дар сад” дуруст хонда, ислоҳот ваъда кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...