Қосим Раҳбар: “Чӣ хел сарф кардани пулро медонам, бахусус пулҳои бегонаро”

Чунин посух дод ба саволи журналистон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар дар бораи ба куҷо сарф кардани ҳудуди 10 млн доллар, ки ба номи ӯ дар бонки Швейтсария ошкор шуданд. Рӯзноманигорон ва мансабдор тасодуфан дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ вохӯрданд. Намояндагони ВАО он ҷо дар доираи лоиҳаи Интенюс дар тренинг буданд. Вақти танаффус онҳо дар долон бо […]

Чунин посух дод ба саволи журналистон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар дар бораи ба куҷо сарф кардани ҳудуди 10 млн доллар, ки ба номи ӯ дар бонки Швейтсария ошкор шуданд.

Рӯзноманигорон ва мансабдор тасодуфан дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ вохӯрданд. Намояндагони ВАО он ҷо дар доираи лоиҳаи Интенюс дар тренинг буданд. Вақти танаффус онҳо дар долон бо раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар рӯ ба рӯ шуданд, ки собиқ роҳбари “Тоҷик Эйр” Рустам Холиқов ва боз ду нафари дигар низ ҳамроҳи ӯ буданд.

Ҳамчунин собиқ раиси “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон низ дар долон буд ва бо рӯзноманигорон суҳбат кард. Сипас Қосим Раҳбар низ назди онҳо омад.

Пас аз саломуалейк рӯзноманигор Меҳрангез Турсунзода бо назардошти сарусадоҳо дар бораи суратҳисоби мансабдор дар бонки Швейтсария аз ӯ пурсид, ки зиёда аз 9 млн долларро ба куҷо сарф карданист.

– Ана ҳамин масъаларо ҳозир мо бо шумо ҳал мекунем… Нигарон набошед, чӣ хел сарф кардани пулро медонам, бахусус пулҳои бегонаро. Бубинед, ман худам наздатон омадам, баъд нагӯед, ки ман журналистонро қабул намекунам, – зикр кард раиси шаҳри Ҳисор.

Ёдовар мешавем, ки 21 феврал Радиои "Озодӣ" бо такя ба таҳқиқи OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, хабар дод, ки таҳқиқгарон ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов)-ро, дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.

Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.

Дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи СССР ӯ хабар дод, ки ба ин пулҳо ҳеҷ муносибате надорад ва суратҳисобро дар ин бонк тоҷири шиносаш боз кардааст, ки аз ҳолати мадҳушии ӯ истифода бурда, якчанд ҳуҷҷатҳоро имзо кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки дар теракти моҳи апрели соли 1997 ҳамроҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ӯ низ захмӣ шуд ва барои табобат чанд маротиба ба хориҷи кишвар рафт. Соли 2001 барои табобат дар шаҳри Вена будааст.

Аз сабаби он ки клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд, ба кӯмаки ӯ як соҳибкори хориҷие меояд, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Ҳамин тоҷири шиносаш ин суратҳисобро боз намуда, вақте ки дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштааст, имзоҳои ӯро гирифтааст.

“Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам”, – гуфтааст вай.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".