Бонкҳои Тоҷикистон дигар рублу доллар намефурӯшанд

Дар пасманзари даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина камбуди шадиди асъори хориҷӣ ба миён омад. Нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо тайи чанд рӯзи ахир аз фурӯши асъор худдорӣ намуда, лекин бо майли тамом онро қабул мекунанд. Камбуди шадиди рубл ва долларро, ки бештар серталабанд, кормандони нуқтаҳо чунин шарҳ медиҳанд, “ин ҷо айби мо нест”. Ба ин […]

Дар пасманзари даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина камбуди шадиди асъори хориҷӣ ба миён омад.

Нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо тайи чанд рӯзи ахир аз фурӯши асъор худдорӣ намуда, лекин бо майли тамом онро қабул мекунанд.

Камбуди шадиди рубл ва долларро, ки бештар серталабанд, кормандони нуқтаҳо чунин шарҳ медиҳанд, “ин ҷо айби мо нест”.

Ба ин тариқ, дар яке аз нуқтаҳои “Ориёнбонк” дар пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки асъор надоранд, зеро онро аз муштариён намегиранд. “Мо танҳо он асъореро фурӯхта метавонем, ки дар навбати худ онро аз муштариён мехарем. Шояд онро баъди якчанд дақиқа ё пас аз се-чор рӯз қабул кунем”, – иброз дошт корманди бонк.

Дар яке аз воҳидҳои “Амонатбонк” низ масъаларо ҳамин тавр шарҳ дода, зикр карданд, ки дахолати асъорӣ (интервенсия) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сурат нагирифта, бонкҳо бо чизе, ки худашон доранд, кор мекунанд.

Дар нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо мегӯянд, интиқоли пул, ки асосан бо рубл аст, идома дошта, лекин ҳаҷми он коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз кормандони бонк бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли пул дар мавсими баҳор хос аст ва машварат медиҳанд, ки ба марбут донистани ин ҳол ба вазъи Украина ва таҳримҳои Ғарб шитоб набояд кард.

Аммо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон онҳо танҳо аз корт ба корт ё ҳамён ба ватан пул фиристода метавонанд.

“Пас аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар Украина бо корт пули нақд гирифтан қариб ғайриимкон аст, аз ин рӯ, мо тариқи нуқтаҳои интиқоли маблағ пул ирсол карда наметавонем”, – мегӯяд Фирӯз, ки дар Маскав машғули кор аст.

Сабаб чист?

Дарёфти шарҳи вазъияти камбуди асъори хориҷӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, мутахассиси яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад, эътироф кард, ки дар бораи манъи фурӯши асъор дастури шифоҳӣ мавҷуд аст.

“Дар худ нигоҳ доштани асъор барои бонкҳои тиҷораӣ фоидаовар нест. Нуқтаҳои мубодилаи асъор барои он кушода мешаванд, ки пул кор кунанд, яъне бо нархи нисатан арзон асъор харида, бо нархи баландтар онро фурӯшанд.

Лекин дастуре мавҷуд аст, ки тибқи он муваққатан худдорӣ кардан аз фурӯши асъор пешниҳод мешавад ва бонкҳо инро мефаҳманд. Бар асари даргирӣ дар Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ, вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ дар Русия, ки ҳиссаи зиёди асъор аз ин кишвар ба мо ворид мегардад, рӯз то рӯз мушкил мешавад. Бинобар ин ба бонкҳо пешниҳод шудааст, ки асъорро сарфа кунанд, то ки барои бо маблағ таъмин кардани воридкунанагони молу маҳсулот имкон дошта бошанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.