Чанд рӯз зиндагӣ дар қатора. Хатсайри сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи оҳан чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тасмим аст баъди муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави сайёҳӣ тавассути роҳи оҳан ба роҳ монда шавад. Мақомоти вилояти Суғд ду сол пештар ин тасмимро рӯйи даст гирифта буданд, вале бо хуруҷи коронавирус амалӣ нашуд ва ҳамакнун мехоҳанд ин хатсайри сайёҳиро фаъол кунанд.

Дар ин бора Убайдулло Обидов, сардори КВД “Роҳи оҳан” дар минтақаи Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” хабар дод ва афзуд қаторҳо омода ҳастанд ва онҳо ҳоло муътадил шудани вазъ ҳамагириро интизоранд.

Вай гуфт, мақомоти Суғд бо ирсоли мактуб аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд хатсайри сайёҳии “Андиҷон-Хуҷанд-Самарқанд-Бухоро”-ро барқарор кунанд ва ҳоло онҳо интизори иҷозаи фаъолият ҳастанд.

Ин масъули Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд баъзе аз вижагиҳои ин хатсайри сайёҳиро шарҳ дод. 

 “Масалан, 5-6 соат дар истгоҳи Самарқанд ё ин ки як рӯз дар истгоҳи Бухоро ва дигар истгоҳҳо меистад. Мусофирон ба роҳат шаҳрҳоро давр мезананд, маконҳои таърихӣ, осорхонаҳоро саёҳат мекунанд. Ин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ амалӣ хоҳад шуд, ки бисёр хатсайри хуби таърихӣ мешавад. Қатораҳо ба мардум ҳамчун василаи меҳмонхона хизмат мерасонад дар қатораҳо ҷойи хобу хӯрок мешавад, як ҳафта тариқи он мардум саёҳат мекунед. Дар назар аст, ширкатҳои сайёҳӣ, вақте мардум аз қатор мефароянд тавассути автобусҳо онҳоро ба саёҳат баранд”.

Ҳоло реҷаи рӯзҳои сафари хатсайри сайёҳии роҳи оҳан ва маблағи хизматрасонӣ тавассути қаторҳ маълум нест. Ба гуфтаи масъулин, реҷаи ҳаракати хатсайри сайёҳӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тасдиқ мешавад.

Ба гуфти Обидов, онҳо нақша доранд хатсайри сайёҳиро тариқи шаҳрҳои Хуҷанд, Андиҷон, Фарғона, Қӯқанд, Тошканд, Самарқанду Бухоро ва аз шаҳри Термизи Ӯзбекистон ба минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон – вилояти Хатлон байни Қӯрғонтепа-Кӯлоб, Душанбе-Кӯлоб амалӣ кунанд. Ин як хатсайри гардишгарии ҷолиб хоҳад буд.

Олимҷон Очилзода, мудири Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд рӯзи 24-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло масъалаи ба роҳ мондани ин хатсайри сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли ҳалшавӣ аст.

“Оиди ин масъала КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ҳамтои худ роҳи оҳани Ӯзбекистон ҳамкорӣ карда истодаанд. Қариб ин масъала ҳал шудагӣ аст. Баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ ин хатсайри сайёҳӣ ҳам ба кор оғоз мекунад. Мо хостем хатсайре, ки дар замони Шӯравӣ фаъолият мекард ҳамонро барқарор кунем”.-гуфт, Очилзода.

Ба иттилои “Роҳи оҳан” дар вилояти Суғд се сол инҷониб ба далели пандемияи коронавирус хатсайри маъмулии мусофиркашонии байнидавлатӣ манъ шудааст. Қаблан мусофирон тариқи роҳи оҳан аз самти шимолии Тоҷикистон тавассути истгоҳҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ба Русия мерафтанд. 

Убайдулло Обидов, сардори КВД “Роҳи оҳан”дар минтақаи Суғд мегӯяд, ҳоло онҳо супорише дарёфт кардаанд, ки хатсайрҳои маъмулиро низ барои оғози фаъолияти мусофиркашонӣ омода кунанд ва тайёр низ шудааст. “Мо омода ҳастем ду хатсайр аз Хуҷанд-Маскав ва се хатсайр Душанбе-Маскав ва, Кӯлоб-Маскавро фаъол кунем. Фақат роҳбарони Ӯзбекистону, Қазоқистон ва Русия агар иҷозат диҳанд фаъолиятро оғоз мекунем ва ҳукумати Тоҷикистон бо ин масъала низ гуфтушунид доранд, мумкин ҳалли худро ёбад”,-гуфт, Убайдулло Обидов.

Хатсайрҳои автобус миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ҳоло миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои мусофиркашонӣ тариқи автобус дар масири Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд, Хуҷанд-Қӯқанд-Хуҷанд, Шайдон-Қӯқанд-Шайдон, Панҷакент-Самарқанд-Панҷакент амал мекунад. Аммо ба гуфтаи масъулини Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳоло ду хатсайри охирон бинобар набудани талаботи зиёди мусофирон фаъолияти мунтазам надоранд.

Рӯзи 24-уми феврал миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо дар масири Хуҷанд-Қӯқанд-Хуҷанд фаъол шуд ва мусофиркашониро ширкати “Asian Express” анҷом медиҳад ва нархи сафар дар ин хатсайр 100 сомонӣ мебошад.

Мусофирон метавонанд чиптаҳои автобусҳоро аз кассаи терминали “Asian Express” дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи 16, дар паҳлӯи истгоҳи таксиҳо харидорӣ кунанд. Аз ин ҷо ҳамарӯза аз соати 8:00 автобусҳои байналмиллалӣ ба самти Қӯқанд ба роҳ мебароянд ва соати 16:00 ҳамон рӯз аз Қӯқанд ба Хуҷанд бармегарданд, ки нархи сафар аз ин самт  100 ҳазор суми узбекӣ мебошад.

Носирҷон Эгамбердиев, намояндаи ширкати «Asian Express» дар Хуҷанд ба «Азия-Плюс» гуфт,  барои кӯдакони то 6-сола сафар тариқи автобусҳо дар ин масир ройгон буда аз 6 то 12-сола 50% ва аз 12 сола боло пурра роҳпулӣ ситонида мешавад.

Ба гуфтаи масъулини ширкати нақлиётӣ, ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон тариқи гузаргоҳи “Патар-Андархон” шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Ҳангоми убур аз сарҳади Ӯзбекистон бояд аз ташхиси экспресс барои коронавирус гузарад. Арзиши хизматрасони 54 хазор суми узбекӣ будааст.

Бояд гуфт, ки аз моҳи октябри соли гузашта ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд-Тошканд аз сар гирифта шуд ва нархи мусофиркашонӣ дар ин хатсайр низ 100 сомонӣ аст. Автобусҳо дар ин хатсайр ҳар рӯз ду маротиба ҳаракат мекунанд. Соати 8:00 ва 12:00 аз Хуҷанд ва бозгашт соати 09:00 ва 18:00 аз (истгоҳи Собир Рахимов)-и Тошканд ба Хуҷанд. Талаботи пешниҳоди ҳуҷҷат дар ҳама хатсайри автобусҳое, ки марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд дар гузаргоҳҳо ягона мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...