Як донишҷӯи ДМТ-ро барои бо мошин ба дарс омадан хориҷ карданиянд

Ба донишҷӯи соли чоруми факултети баҳисобгирии иқтисодӣ ва муҳосиботи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) хориҷшавӣ аз ин муассиса таҳдид мекунад, зеро ӯ бо автомашинаи шахсиаш Hyundai Sanata ба дарс омадааст. Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ […]

Ба донишҷӯи соли чоруми факултети баҳисобгирии иқтисодӣ ва муҳосиботи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) хориҷшавӣ аз ин муассиса таҳдид мекунад, зеро ӯ бо автомашинаи шахсиаш Hyundai Sanata ба дарс омадааст.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир гардидани донишҷӯён қатъиян манъ аст.

Ба иттилои манбаъ, сокини шаҳри Душанбе Фарҳод Исматов рӯзи 2 феврал аз ҷониби кормандони Раёсат дар ҷараёни баргузории рейди навбатӣ оид ба пешгирии чунин қонуншиканиҳо боздошт шуд.

“Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ҳамзамон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Дар Тоҷикистон барои мактабхонҳо ва донишҷӯён бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омадан қатъиян манъ аст. Тибқи муқаррароти мавҷуда дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3-сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.