Ташкилоти Оқохон дар Тоҷикистон бо Канада рушди муносибатҳоро баррасӣ кард

Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алан Ҳамсон мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (АKDN) ва Канада дар бахшҳои рушди манотиқи дурдаст, […]

Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алан Ҳамсон мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (АKDN) ва Канада дар бахшҳои рушди манотиқи дурдаст, соҳаи аграрӣ, маориф, тандурустӣ, кумаки башардӯстона, муҳити зист ва тағйирёбии  иқлим ва дигар мавзуҳои марбут ба масъалаҳои рушд баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи ҷонибҳо, фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии рушди ҳамгироии дуҷониба мебошад.

Дар ин дидор ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати Канада Ташкилоти Оқохон ва хадамотҳои онро ҳамчун шарики боэътимод эътироф намуда, таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти дарозмуддати барномаҳои онро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии мардум мусбат арзёбӣ менамояд.

Дар охир ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик изҳор намуданд.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.