Давъват ба хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд, “облава” мешавад?

Date:

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати ҷавонон ба хидмати аскарӣ барои баҳорро содир кард. Мувофиқи ин фармон дар ин мавсим шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Дар фармони раисҷумҳур, ки имрӯз, 4-уми март ба имзо расид, гуфта мешавад, ки хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хидматро адо кардаанд рухсат карда шаванд ва дар моҳҳои апрелу майи соли 2022 шаҳрвандони марде, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва ҳамчунин шаҳрвандони калонсолтаре, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани  хидматро надоранд ба хидмат даъват шаванд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Вазорати дифоъ ва раисони комиссияҳои даъвати  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин намояндагони мақомоти амнияту корҳои дохилиро низ дастур додааст, ки дар мавсими даъват дар навбати аввал барои пураа кардани сафи хидматчиёни неруҳои марзбонӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус таваҷҷуҳ кунанд.

Далели инро раисҷумҳур дар фармон ба "хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо" марбут донистааст.

Мувофиқи ин фармон раисони шаҳру ноҳияҳо низ вазифадор шудаанд, ки дар баробари мақомот барои даъвати шаҳрвандон талош кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...