Натиҷаи таҳримҳо болои Русия. Ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines корашро дар Тоҷикистон қатъ кард

Бар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ болои Русия  ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст. Дар шарҳи далоли қатъи парвозҳояш, ин ширкат гуфтааст, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад.  «Бо назардошти вазъи кунунӣ, […]

Бар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ болои Русия  ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.

Дар шарҳи далоли қатъи парвозҳояш, ин ширкат гуфтааст, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад. 

«Бо назардошти вазъи кунунӣ, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, – таъкид кардааст ширкат.

Ширкати ҳамчунин ба мусофирон тавзеҳ додааст, ки дар сурати лағви парвозҳо чӣ кор  бояд кунанд.

“Ширкат шуморо аз қатъи парвоз огоҳ мекунад –  Агар шумо дар хориҷа бошед, лутфан ба намояндагии S7 Airlines дар фурудгоҳҳо тамос гиред. Коршиносони мо ба шумо барои бозгашт ба ватан ба воситаи шариконамон кӯмак мекунанд. – Шумо метавонед мустақилона масъалаи баргардонидани пули арзиши чиптаро дар бахши «Бронкуниҳои ман» дар s7.ru ё дар барномаи S7 Airlines анҷом диҳед”, – гуфта мешавад дар паёме, ки ширкат додааст.

Агар чипта дар хазинаҳои билетфурӯшӣ ё аз сомонаҳои дигар харидорӣ шуда бошад, ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат медиҳад, ки барои баргардонидани маблағ бояд ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоед.

Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст. Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд Кӯлоб ва Бохтар ба шаҳрҳои гуногуни Русия: аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва шаҳрҳои дигар парвоз анҷом медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.