Тими Укроин гуфтааст танҳо масъалаи ҳудуд намегузорад бо Русия ба созиш бирасанд

Узви ҳайати Украина дар гуфтугӯҳо бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум" дар Радаи болоӣ Давид Арахамия гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст. Арахамия ҳамчунин сарусадоҳо дар бораи онро ки гӯиё раҳбарияти Украина, аз ҷумла президент Владимир Зеленский аллакай кишварро тарк карда, […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Узви ҳайати Украина дар гуфтугӯҳо бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум" дар Радаи болоӣ Давид Арахамия гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст.

Арахамия ҳамчунин сарусадоҳо дар бораи онро ки гӯиё раҳбарияти Украина, аз ҷумла президент Владимир Зеленский аллакай кишварро тарк карда, дар Лаҳистон қарор дорад, шарҳ дод.

"Чанд рӯз пеш мо суҳбати ҷиддие доштем ва тасмим гирифтем, ки то охирин лаҳза дар Украина бимонем. Агар мо ҳалок шавем, рамзе хоҳем шуд ва боқии украиниҳо то охирин қатраи хуни худ мубориза хоҳанд бурд", – изҳор дошт раҳбари ҷиноҳи "Хидматгори мардум".

Президенти Русия Владимир Путин ҳам дар навбати худ дар суҳбат бо раҳбарони Фаронса ва Туркия гуфт, Украина барои қатъи задухурдҳои мусаллаҳона бояд ҳамаи шартҳои Москваро иҷро ва оташкушоиҳо зидди сарбозони русро қатъ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.