Дар “Агроинвестбонк”-у “Тоҷикисодиротбонк” 131 миллион сомонии дигари сокинони Суғд боқӣ мондааст

Дар бонкҳои барҳамхӯрдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 131 миллион сомонӣ амонати сокинони вилояти Суғд то кунун боқӣ мондааст. Аз бозхонди муҷаввиз ва қатъи кори ин ду бонки замоне бузург ва низомсози Тоҷикистон беш аз даҳ моҳ гузашт, вале то ҳол садҳо нафар натавонистаанд амонаташонро бозпас бигиранд. Ба иттилои шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд […]

Дар бонкҳои барҳамхӯрдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 131 миллион сомонӣ амонати сокинони вилояти Суғд то кунун боқӣ мондааст. Аз бозхонди муҷаввиз ва қатъи кори ин ду бонки замоне бузург ва низомсози Тоҷикистон беш аз даҳ моҳ гузашт, вале то ҳол садҳо нафар натавонистаанд амонаташонро бозпас бигиранд.

Ба иттилои шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “Агроинвестбонк” бояд ба 2427 нафар муштарияш дар вилояти Суғд 102 миллион сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” ба 1402 нафар зиёда аз 29 миллион сомонӣ амонати гузоштаашонро баргардонанд. Мардуме, ки дар ин ду бонк амонат гузошта буданд, баъди қатъи фаъолият аз соли гузашта аз тақдири пулҳояшон дар ташвиш мондаанд.

“Замин сахт осмон баланд”

Сабохон як муштарии 75-солаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ба хотири он ки дар синни бознишастагӣ муҳтоҷи касе нашавад, маблағи худу фарзандонашро ҷамъ карду дар бонк амонат гузошт. Ӯ афзуд, он вақт ба бонк бовар дошт. Моҳи майи соли гузашта муҷаввизи “Агроинвестбонк” аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуд ва ҳамин тариқ кори бонк қатъ гардид.

Ин амонатгузори бознишаста мегӯяд, тавонист соли гузашта дар баробари дигар муштариён беш аз 20 ҳазор сомонӣ пулашро баргардонад, вале бонк боз аз ӯ ҳудуди 10 ҳазор сомонии дигар қарздор будааст. Ба гуфтаи Сабохон ин миқдор маблағ барои як зани нафақахӯр муҳим аст. Чун мегӯяд, аз сабаби бознишастагӣ дар баргардонидани амонаташ азият мекашад ва гоҳ-гоҳ бемор низ мешавад, ки барои табобат маблағ лозим будааст.

“Замин сахт осмон баланд. Ҳоло кай, ки маблағ шуд баъд мегардонем мегӯянд. Соли гузашта ба мардум амволи бонкро пешниҳод карданд, гурӯҳе гирифт гурӯҳе не. Ман ҳам нагирифтам, нафақахӯр бошам ба ман пул лозим аст. Фикр карда будам пасандозам дар бонк истад оянда дар пирӣ лозим мешавад. Бо умед интизорем, наход моро сӯзонанд, 70 дарсад бонки давлатӣ гуфта буданд”,-мегӯяд, Сабохон

Ба гуфтаи Рустам як амонатгузори “Агроинвестбонк”, соли гузашта ин бонк ба аҳолӣ қисме аз маблағҳояшонро баргардонид ва ба ӯ низ 21 ҳазор сомонияшро доданд. Ӯ гуфт, пулҳояшро бо доллари амрикоӣ амонат гузошта буд, вале қисме аз онро бо пули сомонӣ баргардониданд ва гуфтаанд боқимонда пулҳояшро баъди фурӯхтани амволи бонк медиҳанд.

“Ба тақдири пулҳоям дилам месӯзад, лекин ҳоло чи кор ҳам карда метавонам. Ба ман  маълум нест, ки бо аҳолӣ кай мулоқот мекунанд, эълон накардаанд, вале шумори телефонам дар бонк ҳаст. Ҳеч кас намедонист, ки бонк баста мешавад”,-мегӯяд, Рустам.

“Бо айби худи бонкҳо дари онҳо баста мешавад”

Дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки соли гузашта “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” тавонист 46 миллион сомонӣ пасандози 5864 нафар мизоҷонаш аз вилояти Суғдро пардохт кунад. Ба ин тартиб “Агроинвестбонк” 37 миллиону 225 ҳазор сомонӣ амонати 5161 нафар ва “Тоҷиксодиротбонк” 9 миллиону 500 ҳазор сомонии 703 нафаро баргардонидааст.  

Абдунабӣ Холбоев, намояндаи мудири махсуси “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло воситаи асосии гараве, ки дар тавозуни бонк мавҷуд аст ба аҳолӣ пешниҳод карда истодаанд ва ба касе чӣ лозим аст гирифта истодаанд. Ва ҳамин тариқ ба гуфтаи масъулин бонк амонати аҳолиро дар зинаи аввал баргардонида истоданд.

“Дар масъалаи пули нақд мо баъди он, ки маблағи давлатро тамом мекунем, сипас пули шаҳрвандони шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро дода метавонем. Мо ҳозир бинову амволи дар гарав бударо ба ҳукумати  Тоҷикистон пешниҳод кардем ва Кумитаи сармоягузорӣ қабул кард. Ҳоло як қисм ҷойҳоро гирифта истодаанд. Вилояти Суғдро ҳам қабул кунанд, ҳамаи бозҳисобиҳо шавад, баъд аз он маблағҳои ҷамъшуда дар асоси талаботи қонуни ҶТ “Дар бораи ташкилотҳои барҳамхӯрда” тақсимотро сар мекунем”,-гуфт, Абдунабӣ Холбоев.

Мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев, чанд рӯз пештар зимни нишасти хабарӣ афзуд, соли гузашта ин ду бонки барҳамхӯрда амонати аҳолиро асосан аз ҳисоби хазинаи суғуртавии пасандози шахсони воқеъӣ ва худи бонк пардохт карданд. Вай аз он нигаронӣ кард, ки мардуми зиёд ба бонк бовар карда пасандоз мегузоранд, вале бо айби худи бонкҳо дари онҳо баста мешавад ва дар ниҳоят боз мушкил ба сари худи мардум меояд, пасандозашонро гирифта наметавонад.

“Яке аз сабабҳои барҳамхӯрӣ ё нокомии ташкилотҳои қарзӣ принсипи идоракунии кооперативиро истифода намебаранд, нодуруст бурдани сиёсати қарзӣ, бе таҳлили ҳаматарафа пешниҳод намудани маблағҳои қарзӣ мебошад. Худи бонк маблағ надорад, аммо маблағи мардумро аз як тараф дастрас намуда ба дигарон пешниҳод мекунад”.-гуфт, Наврӯз Валиев, мудири шӯъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд.

Ду бонки як замон низомсоз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” моҳи майи соли гузашта барҳам хӯрданд ва дар пайи он дари 14 филиали онҳо дар вилояти Суғд баста шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.