Боздошти ҳазорон нафар дар эътирозҳои зидди ҷанг дар Русия. Гирдиҳамоӣ дар Алмато

Дар бисёре аз шаҳрҳои Русия ва пойтахти собиқи Қазоқистон – шаҳри Алмато рӯзи якшанбе, 6 март эътирозҳои алайҳи ҷанг баргузор шуданд. Бино ба маълумоти ахири ОВД-инфо, дар 69 шаҳри Русия ҳудуди 5 ҳазор нафар боздошт шудаанд. Тибқи маълумоти фаъолон, аз замони оғози низоъ бо Украина  дар ҷараёни тазоҳурот дар Русия зиёда аз 13 ҳазор нафар […]

Дар бисёре аз шаҳрҳои Русия ва пойтахти собиқи Қазоқистон – шаҳри Алмато рӯзи якшанбе, 6 март эътирозҳои алайҳи ҷанг баргузор шуданд.

Бино ба маълумоти ахири ОВД-инфо, дар 69 шаҳри Русия ҳудуди 5 ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти фаъолон, аз замони оғози низоъ бо Украина  дар ҷараёни тазоҳурот дар Русия зиёда аз 13 ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Одамон бо лавҳаҳо баромада, шиори “Нест бод ҷанг!” садо медоданд.

Тафсилот дар навори видеои Хадамоти русии Би-би-си

Гирдиҳамоии зиддиҷангӣ дар Алмато

Рӯзи 6 март дар Алмато барои дастгирии Украина гирдиҳамоии иҷозашуда доир гардид. Дар майдони Сари Арка зиёда аз 2 ҳазор нафар гирдиҳам омаданд. Хабарнигорони Orda.kz дар гирдиҳамоӣ ҳузур доштанд.

Аксарияти касони гирдиҳамоӣ ҳозиршуда, ки беш аз 2 соат давом кард, сарулибоси украинӣ дар бар доштанд.

Одамон шиорҳои “Нест бод ҷанг!”, “Қазоқистон зидди ҷанг!” садо сар медоданд.

Дар саҳна шаҳрвандони Русия, Украина ва Қазоқистон суханронӣ карданд.

Як шаҳрванди Украина тариқи микрофон изҳор намуд, ки дар ин ҷо нисбати ӯ ягон бор кори нохуб раво надидаанд.

Дар фарҷоми гирдиҳамоӣ фаъоли сиёсӣ Алнур Иляшев қатъномаеро қироат намуд, ки дар вуруди неруҳо ба Украина маҳкум шуда, ба мардуми кишвар, инчунин шаҳрвандони Русия ва Беларус, ки таъқиб мешаванд, дастгирӣ ва ҳамраъъйӣ изҳор шуд. Қатъномаро ба ҳукумати Қазоқистон мефиристанд.

Даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина 12 рӯз инҷониб давом доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳар ду ҷониб дастикам зиёда аз 500 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор кас захмӣ шудаанд.

Тайи 10 рӯз зиёда аз 1,5 млн нафар қаламрави Украинаро тарк карданд, изҳор дошт Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон Филиппо Гранди, хабар медиҳад Би-би-си.

“Ин буҳрони аз ҳама бештар дар ҳоли афзоиш қарордоштаи марбут ба паноҳандагон дар Аврупо аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон аст”, – навиштааст Гранди дар “Твиттер”.

Даври сеюми гуфтушунидҳо байни Русия ва Украина имрӯз, 7 март ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.