Пулчинаки маршрутка барои дағалӣ нисбат ба мусофир 10 шабонарӯз ҳабс шуд

Суд пулчинак (кондуктор)-и микроавтобус (маршрутка)-и як хатсайри пойтахт Муродбек Ҷамолиддинзодаи 22-соларо барои дағалрафторӣ нисбат ба мусофири пирамард ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 5 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчинаки […]

Суд пулчинак (кондуктор)-и микроавтобус (маршрутка)-и як хатсайри пойтахт Муродбек Ҷамолиддинзодаи 22-соларо барои дағалрафторӣ нисбат ба мусофири пирамард ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 5 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчинаки (кондуктор) хатсайри №15 нисбати як нафар мусофири пирамард инъикос ёфта, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

“Дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки дар доираи қонунгузорӣ амалу рафтори номбурда баҳо дода шавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур ва роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфтор муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

“Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбати мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”, – хабар медиҳад Раёсат.

Нисбат ба Муродбек Ҷамолиддинзода тибқи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хизматрасонии мусофиркашонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.