Натиҷаи таҳримҳо болои Русия. Ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines корашро дар Тоҷикистон қатъ кард

Мусои Бобоҳоҷӣ

Бар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ болои Русия  ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.

Дар шарҳи далоли қатъи парвозҳояш, ин ширкат гуфтааст, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад. 

«Бо назардошти вазъи кунунӣ, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, – таъкид кардааст ширкат.

Ширкати ҳамчунин ба мусофирон тавзеҳ додааст, ки дар сурати лағви парвозҳо чӣ кор  бояд кунанд.

“Ширкат шуморо аз қатъи парвоз огоҳ мекунад –  Агар шумо дар хориҷа бошед, лутфан ба намояндагии S7 Airlines дар фурудгоҳҳо тамос гиред. Коршиносони мо ба шумо барои бозгашт ба ватан ба воситаи шариконамон кӯмак мекунанд. – Шумо метавонед мустақилона масъалаи баргардонидани пули арзиши чиптаро дар бахши «Бронкуниҳои ман» дар s7.ru ё дар барномаи S7 Airlines анҷом диҳед”, – гуфта мешавад дар паёме, ки ширкат додааст.

Агар чипта дар хазинаҳои билетфурӯшӣ ё аз сомонаҳои дигар харидорӣ шуда бошад, ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат медиҳад, ки барои баргардонидани маблағ бояд ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоед.

Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст. Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд Кӯлоб ва Бохтар ба шаҳрҳои гуногуни Русия: аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва шаҳрҳои дигар парвоз анҷом медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...