Автобуси хушбахтӣ: тақдими туҳфаҳо ба модарони тоҷик

Иқдоми “Модарони мо” маъмулан аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан бо хатсайри автобуси №3 оғоз мешавад, лекин ин дафъа  то расидан ба он ҷо мардони мо ба занони корманди хадамоти коммуналӣ, ки ба тозакнии роҳ машғул буданд, аввалин туҳфаҳоро тақдим намуданд. Аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан мо тариқи хиёбони Рӯдакӣ то корхонаи истеҳсоли семент роҳ паймудем, […]

Asia-Plus

Иқдоми “Модарони мо” маъмулан аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан бо хатсайри автобуси №3 оғоз мешавад, лекин ин дафъа  то расидан ба он ҷо мардони мо ба занони корманди хадамоти коммуналӣ, ки ба тозакнии роҳ машғул буданд, аввалин туҳфаҳоро тақдим намуданд.

Аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан мо тариқи хиёбони Рӯдакӣ то корхонаи истеҳсоли семент роҳ паймудем, ки масофааш ҳамагӣ 10 километр буда, аз тақрибан 15 истгоҳ иборат аст. Аксарияти мусофирзанон аз ин иқдом огаҳӣ дошта, танҳо автобуси моро интизор буданд.

Иқдоми мо садҳо нафар бонувонро фаро гирифт. Аз шарикони мо ба бонувон беш аз 500 туҳфа тақдим шуд. Шарики кулли мо мисли солҳои пешин – ширкати “Оби зулол” аст. Шарикони расмӣ – бонки “Арванд”, шабакаи супемаркетҳои “Ёвар” ва оператори мобилии “O mobile” мебошанд. “Top Engineering” низ яке аз шарикони мост.

Дар нимаи роҳ бонувони мусофирро туҳфаи ғайриодӣ интизор буд, зеро овозхони писандида Чоршанбе Аловатов ба иқдом ҳамроҳ шуд.

Ин панҷумин аксияи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” – “Модарони мо” дар ҳамдастӣ бо “Оби зулол” аст. Иқдомҳои дигар ва чорабиниҳои шавқовари мо дар пешанд – бо мо бимонед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.