Тоҷикистону Ӯзбекистон дигар марзҳояшонро ба рӯйи якдигар намебанданд. Тӯйҳо низ озод баргузор мешаванд

Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад. Ҳамчунин маҳдудиятҳоие, ки барои баргузории тӯйу маъракаҳо ба далели ҳамагирии вируси куруно ҷорӣ шуда буд, бекор карда мешаванд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус хабар додааст.  Гуфта мешавад назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди […]

Манзума Фирӯз, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад. Ҳамчунин маҳдудиятҳоие, ки барои баргузории тӯйу маъракаҳо ба далели ҳамагирии вируси куруно ҷорӣ шуда буд, бекор карда мешаванд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус хабар додааст. 

Гуфта мешавад назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳиномае, ки воксинро пура фаро гирифта бошед  ва бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологии гирифторӣ коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора, рӯзи 7 март қарори Cитод ба тасвиб расидааст.

"Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд",- омадааст дар хабарнома.

Гувоҳиномае, ки дар бораи воксин гирифтан аз тарафи муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ИДМ ба шаҳрвандон дода мешавад, дар Тоҷикистон расман эътироф мешавад.

Дар хабарнома омадааст, ки «ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони  кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд».

Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар миёни мардум бекор карда мешавад.

Дар асоси ҳамин қарори Ситод баргузор кардани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 20 июни соли 2020 қарор қабул карда буд, ки туйи хонадоршавӣ муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар меҳмон ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хидматрасонӣ гузаронида шавад. Ҳоло ин маҳдудиятҳо бекор шуданд.

Гуфта мешавад, зимни баргузории маросим дар тарабхонаю ошхонаҳо бояд ҳатман қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя карда шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.