Роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан бастааст

Бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла километрҳои 48-71 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шудааст.  Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасонву нигаҳдории ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.  "Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар километри 48 паҳноӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза  буда, маҷрои дарёи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла километрҳои 48-71 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шудааст. 

Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасонву нигаҳдории ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад. 

"Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар километри 48 паҳноӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза  буда, маҷрои дарёи Варзобро баст",- зикр кардааст манбаъ.

Ширкати мазкур аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд. Гуфта мешавад дар робита ба ҳолати роҳ ва корҳои амалигардида иловатан маълумот дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.