Даргузашти бозингари собиқи “Помир” Сергей Мандреко дар Австрия

Дар Австрия рӯзи 8 март бозингари собиқи дастаи футболи “Помир”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Сергей Мандреко дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти тими “Рапид”-и Вена хабар медиҳад. Пас аз анҷоми фаъолият ҳамчун бозингар ӯ ба ҳайси мураббӣ дар Австрия кор карда, аз соли 2017 бинобар беморӣ корашро қатъ намудаст. Мандреко […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Австрия рӯзи 8 март бозингари собиқи дастаи футболи “Помир”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Сергей Мандреко дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти тими “Рапид”-и Вена хабар медиҳад.

Пас аз анҷоми фаъолият ҳамчун бозингар ӯ ба ҳайси мураббӣ дар Австрия кор карда, аз соли 2017 бинобар беморӣ корашро қатъ намудаст.

Мандреко 1 августи соли 1971 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари кунунӣ) ба дунё омада, дастпарвари дастаи “Вахш” мебошад. Солҳои 1990-1992 дар ҳайати дастаи “Помир” бозӣ карда, тобистони соли 1992 аз “Помир” ба ҳайати дастаи “Рапид”-и Австрия мегузарад ва то соли 1997 дар ҳамин даста бозӣ кардааст.

Тобистони соли 1997 бо “Герта”-и Олмон ба муҳлати 3 сол қарордод баст. Соли 2000-ум ба тими дигари олмонии “Бохум” гузашт. Соли 2003 ба Австрия баргашта, дар дастаҳои “Маттерсбург” (солҳои 2003-2005) ва «Парндорф» (2003-2005) ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби ИДМ 4 бозӣ, мунтахаби Тоҷикистон – 1 бозӣ ва мунтахаби Русия – 1 бозӣ гузаронидааст. Ягона бозишаро дар ҳайати мунтахби Тоҷикистон 17 июни соли 1992 бо тими Ӯзбекистон (2:2) гузаронид.

Соли 1991 дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба медалҳои биринҷии Ҷемпионати ҷаҳон (синни то 20-сола) соҳиб шуд. Ҳамон сол дар ҳайати мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ низ 2 бозӣ гузаронид.

Футболбози маъруфи тоҷик ва дӯсти наздики Мандреко Рашид Раҳимов, ки ҳамроҳ солҳои 90-ум дар ҳайати тими “Помир” бозӣ кардаанду дар Австрия ва Олмон низ бо ҳам вомехӯрдад, дар сомонаи “Спорт день за днем” аз хотираҳояш дар бораи ӯ изҳори назар кардааст. Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2008-2009 Мандреко ба ҳайси ёвари Раҳимов дар “Локомотив” кор кардааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.