Ду зан аз Афғонистон барандаи ҷоизаи “Тағйироварандагон”-и Forbes шуданд

Ду зани сиёсатмадори Афғонистон барандаи ҷоизаи "Тағйироварандагон" ё "Changemaker Award"-и маҷаллаи бонуфузии амрикоии "Forbes" шудаанд. Ин ду зан яке вакили собиқи порлумони Афғонистон ва дигаре раиси шаҳри Майдон Вардак мебошанд. Ноҳид Фарид вакили мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони давлати пешини Афғонистон ва Зарифа Ғафор, раиси шаҳри Майдон Вардак – маркази вилояти ҳамноми Афғонистон мебошанд.  Ин […]

Asia-Plus

Ду зани сиёсатмадори Афғонистон барандаи ҷоизаи "Тағйироварандагон" ё "Changemaker Award"-и маҷаллаи бонуфузии амрикоии "Forbes" шудаанд. Ин ду зан яке вакили собиқи порлумони Афғонистон ва дигаре раиси шаҳри Майдон Вардак мебошанд.

Ноҳид Фарид вакили мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони давлати пешини Афғонистон ва Зарифа Ғафор, раиси шаҳри Майдон Вардак – маркази вилояти ҳамноми Афғонистон мебошанд.  Ин ҷоиза ба ин ду зани фаъоли Афғонистон дар маросими хосе дар шаҳрии Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тақдим шудааст.

Ин ду зан пас аз ғасби Кобул аз сӯйи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба хориҷ аз Афғонистон рафта буданд. Аммо  Зарифа Ғаффорӣ чанд рӯз пеш ба Кобул баргашт ва ин баргашти ӯ дар расонаҳо хабарсоз шуд. 

Ғаффорӣ ба расонаҳо гуфт, ки дигар ба фаъолиятҳои сиёсӣ намепардозад ва ба роҳҳои ғайрисиёсӣ ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунад.

Ин ҷоиза, рӯзи 8 март ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии зан дар доираи барномаи 30/50 дар ҳузури бонувони 37 кишвари ҷаҳон тақдим шудааст. Дар ин барнома Ҳилари Клинтон, вазири пешинаи корҳои хориҷии Амрико низ ба гунаи онлайн ширкат кардааст. 

Ноҳид Фарид дар суханронияш дар ин маросим гуфтааст, ки занон дар ҳукумати "Толибон" бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, зеро ин гуруҳ занону духтарони Афғонистонро за дарсу кор маҳрум кардаанд. 

Ноҳид Фарид аз ширкаткунандагони нишаст хостааст, ки ба кишварҳояшон тавсия диҳанд, ки ҳукуати "Толибон"-ро ба расмият нашиносанд.

Масъулони "Forbes" гуфтаанд, ки ин ҷоизаро ба ин зани Афғонистон барои талошҳои хастагинопазирашон  барои рафъи монеаҳо дар муқобили занони афғон ҳадя кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.