“Тоҷикфилм” ҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор мекунад

“Тоҷикфилм” тасмим дорад ба ифтихори ҷашни Наврӯз Ҷашнвораи синамоии ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор намояд. Дар ин бора Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар сафҳаи расмияш дар Фейсбук хабар додааст. Як манбаъ аз “Тоҷикфилм” гуфт, ки қарор аст, ин ҷашнвора дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳамзамон бо “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон”, “Рӯзҳои кинои Белорус” ва нишасти Шӯрои раҳбарони киностудияҳои кишварҳои […]

Ардашер Пайванд, барои Asia-Plus

“Тоҷикфилм” тасмим дорад ба ифтихори ҷашни Наврӯз Ҷашнвораи синамоии ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор намояд. Дар ин бора Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар сафҳаи расмияш дар Фейсбук хабар додааст.

Як манбаъ аз “Тоҷикфилм” гуфт, ки қарор аст, ин ҷашнвора дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳамзамон бо “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон”, “Рӯзҳои кинои Белорус” ва нишасти Шӯрои раҳбарони киностудияҳои кишварҳои узви ИДМ ва Гурҷистон баргузор шавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, баргузории ҷашнвораи мазкур дар доираи "Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022" сурат мегирад.

“Мо барои баргузории Ҷашнвораи ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба Ҳукумати кишвар чанде пеш мактуб ирсол намудем, ки посухи онро то ҳол интизорем", – гуфт манбаъ.

Ӯ афзуд, дар сурати ҳамоҳанг нашудани ин иқдом эҳтимол аст он дар моҳи май гузаронида шавад.

Гуфта мешавад, ҷашнвораи ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар 12 бахш сурат гирифта, филмҳои кӯтоҳу баланди ҳунарӣ, мустанад ва тасвириро фаро хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки “Тоҷикфилм” ният дошт, дар соли 2020 Ҷашнвораи якуми байналмилалии “Душанбе”-ро баргузор намояд, аммо ба далели пандемияи “Covid-19” барпо нашуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.