СММ Тоҷикистонро барои вазъи ҳуқуқи башар дар ҳаводиси Бадахшон интиқод кард

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи ахири худ аз "идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ" ва "эҷоди фазои тарс" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.  Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар гуфтааст, ки  дар Тоҷикистон саркӯби мухолифони сиёсӣ идома дорад ва шумори мухолифоне, ки барои […]

Asia-Plus

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи ахири худ аз "идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ" ва "эҷоди фазои тарс" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст. 

Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар гуфтааст, ки  дар Тоҷикистон саркӯби мухолифони сиёсӣ идома дорад ва шумори мухолифоне, ки барои муддатҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд, меафзояд.

Ин мақоми СММ гуфтааст, ки ин мухолифон дар чаласаҳои  додгоҳие маҳкум мешаванд, ки меъёрҳои қонунӣ мувофиқат намекунанд. 

"Хушунат миёни неруҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа ба таври қобили мулоҳиза бад кард ва фазои тарсро эҷод намуд",-гуфтааст Бачелет.

Ман аз идома ёфтани қатъи интернет дар ин минтақа афсӯс мехурам, ки қатъи интернет нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст,-гуфтааст ин мақрмдори СММ.

Тоҷикистон то кунун ба ин интиқоди СММ посух надодааст, вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон далели қатъи интернет дар ВМКБ-ро ба далоили амниятӣ марбут дониста буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.