Муовини Рустами Эмомалӣ ба табрики Гулрухсор рафтааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба ифтихори Рӯзи модарон шуморе аз занҳои собиқадор ва дар гузаштаи фаъоли сиёсиву ҷамъиятии Душанберо табрик кардааст. Дар аксҳое, ки Раёсати занони шаҳри Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки дар баробари дигар бонувони сиёсатмадор, ҳамчунин муовини шаҳрдори Душанбе ба табрики Гулрухсор шоири шаҳири тоҷик ҳам рафтааст.

Дар баробари Гулрухсор, ҳамчунин дар аксҳои нашршуда Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ Низорамоҳ Зарипова ва занони дигари маъруф низ ҳастанд.

Саҳифаи фейсбукии Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Душанбе бо нашри аксҳо аз ҷараёни табрики собиқадорон навиштааст, ки он қадршиносии коркардҳои собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар байни занони собиқадоре ки муовини Рустами Эмомалӣ табрик кардааст, собиқ котиби идеологии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова, муовинони собиқи сарвазири кишвар Руқия Қурбоноваю Марҳабо Ҷабборӣ ва вазири собиқи меҳнати Тоҷикистон Рафиқа Мусоева низ ҳастанд.

– Дастгирии табақи ниёзманди ҷомеа, дидорбинии собиқадорони ҷангу меҳнат ва болида намудани хотири онҳо ба ин васила аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бо дастгирии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пайваста чунин амалҳои некро анҷом медиҳанд, – менависад Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, ки собиқадорони меҳнат иқдоми роҳандозинамудаи шаҳрдори Душанберо хуш истиқбол намудаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки тадбири мазкур бо пайгирии нишондоди банди панҷуми нақшачорабиниҳои шаҳрдории Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи модар ташкилу роҳандозӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...