Эмомалӣ Раҳмон ба Миср расид. Ҷузъиёти сафар ҳанӯз маълум нест

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи ҳукумати кишвар барои анҷоми сафари расмӣ ба Миср рафтааст. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони ҳукумати ин кишвар истиқбол намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи ҳукумати кишвар барои анҷоми сафари расмӣ ба Миср рафтааст. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони ҳукумати ин кишвар истиқбол намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар бораи ҷузъиёти бештари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Миср хабар дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср моҳи апрели 1993 барқарор гардида, ин кишвар истиқлолияти Тоҷикистонро 1 январи 1992 ба расмият шинохт.

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо президенти он вақтаи Миср Ҳуснӣ Муборак моҳи декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин гирдиҳамоии Сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ  дар Дорулбайзо мулоқот  намуда буд.

Ҳамин тариқ, 4 феврали 2007 президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Миср рафт ва роҳбарони ду давлат панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд.

Гуфта мешавад, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Мисрро 9 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, ки дар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилон ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 ба 773,4 ҳазор доллар баробар шуда, дар муқойиса бо соли 2020 гардиши мол миёни кишварҳо 25,5% афзоиш ёфтааст. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755,4 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.