Муовини Рустами Эмомалӣ ба табрики Гулрухсор рафтааст

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба ифтихори Рӯзи модарон шуморе аз занҳои собиқадор ва дар гузаштаи фаъоли сиёсиву ҷамъиятии Душанберо табрик кардааст. Дар аксҳое, ки Раёсати занони шаҳри Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки дар баробари дигар бонувони сиёсатмадор, ҳамчунин муовини шаҳрдори Душанбе ба табрики Гулрухсор шоири шаҳири тоҷик ҳам рафтааст. Дар баробари Гулрухсор, […]

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба ифтихори Рӯзи модарон шуморе аз занҳои собиқадор ва дар гузаштаи фаъоли сиёсиву ҷамъиятии Душанберо табрик кардааст. Дар аксҳое, ки Раёсати занони шаҳри Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки дар баробари дигар бонувони сиёсатмадор, ҳамчунин муовини шаҳрдори Душанбе ба табрики Гулрухсор шоири шаҳири тоҷик ҳам рафтааст.

Дар баробари Гулрухсор, ҳамчунин дар аксҳои нашршуда Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ Низорамоҳ Зарипова ва занони дигари маъруф низ ҳастанд.

Саҳифаи фейсбукии Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Душанбе бо нашри аксҳо аз ҷараёни табрики собиқадорон навиштааст, ки он қадршиносии коркардҳои собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар байни занони собиқадоре ки муовини Рустами Эмомалӣ табрик кардааст, собиқ котиби идеологии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова, муовинони собиқи сарвазири кишвар Руқия Қурбоноваю Марҳабо Ҷабборӣ ва вазири собиқи меҳнати Тоҷикистон Рафиқа Мусоева низ ҳастанд.

– Дастгирии табақи ниёзманди ҷомеа, дидорбинии собиқадорони ҷангу меҳнат ва болида намудани хотири онҳо ба ин васила аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бо дастгирии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пайваста чунин амалҳои некро анҷом медиҳанд, – менависад Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, ки собиқадорони меҳнат иқдоми роҳандозинамудаи шаҳрдори Душанберо хуш истиқбол намудаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки тадбири мазкур бо пайгирии нишондоди банди панҷуми нақшачорабиниҳои шаҳрдории Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи модар ташкилу роҳандозӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.