Карзай гуфт, ки “Толибон” сафари ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба хориҷ манъ кардаанд

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳибае бо шабакаи "Ал-Олам'-и Эрон гуфтааст, ки ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои берун рафтан аз кишвар ба мушкилоте мувоҷеҳ ҳастанд.   Ин мусоҳиба, дирӯз, чаҳоршанбеи 9 март нашр шуд.  Карзай дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи монеаҳо дар сафарҳои хориҷияш гуфтааст, ки […]

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳибае бо шабакаи "Ал-Олам'-и Эрон гуфтааст, ки ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои берун рафтан аз кишвар ба мушкилоте мувоҷеҳ ҳастанд.
 
Ин мусоҳиба, дирӯз, чаҳоршанбеи 9 март нашр шуд. 

Карзай дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи монеаҳо дар сафарҳои хориҷияш гуфтааст, ки  "бале, дар сафарҳое, ки қарор буд бо доктар Абдуллоҳ Абдулоҳ дошта бошем, ба сурати ҷудогона мушкилоте мавҷуд буд, ки умедворам бартараф шавад".

Аммо ӯ гуфтааст, ки барои гаштугузор дар дохили кишвар, аз ҷумла Кобул озод аст ва бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳар ҷо, ки бихоҳанд, метавонанд бираванд.
 
Пештар хабарҳое нашр шуда буд, ки "Толибон" ба хориҷ рафтани Карзай ва Абдуллоҳро манъ кардаанд ва онҳо дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ин хабарро ҳатто бархе вз аъзои толибон ҳам таъйид карда буданд.

Мақомҳои "Толибон" то кунун дар бораи далелҳои мамнуъулхуруҷ шудани Карзайу Абдуллоҳ то кунун изҳори назар накардаанд.

Карзайу Абдуллоҳ аз мақомҳои баландпояи ҳукумати пешин ҳастанд, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон то кунун дар Кобул мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.