Дар Панҷ истироҳат ба фоҷеа анҷомид – кӯдак ҳалок шуд

Asia-Plus

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанде пеш бар асари садамаи нақлиёт кӯдаки 5-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сокини маҳаллӣ Зоирҷон Ҷангизодаи 28-сола рӯзи 9 март ҳамроҳи оилааш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд. Субҳ онҳо – 12 кас, аз ҷумла 7 нафар кӯдакон бо автомашинаи тамғаи SsangYong Musso ба сафар мебароянд.

Гуфта мешавад, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.

“Вале аз шиддати борони зиёд ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он мелағжад ва ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки бар асари ин садама, Некрӯз Амонови 5-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигар аъзои оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...