Дар Панҷ истироҳат ба фоҷеа анҷомид – кӯдак ҳалок шуд

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанде пеш бар асари садамаи нақлиёт кӯдаки 5-сола ба ҳалокат расид. Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сокини маҳаллӣ Зоирҷон Ҷангизодаи 28-сола рӯзи 9 март ҳамроҳи оилааш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд. Субҳ онҳо – 12 кас, аз ҷумла 7 нафар кӯдакон бо автомашинаи […]

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанде пеш бар асари садамаи нақлиёт кӯдаки 5-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сокини маҳаллӣ Зоирҷон Ҷангизодаи 28-сола рӯзи 9 март ҳамроҳи оилааш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд. Субҳ онҳо – 12 кас, аз ҷумла 7 нафар кӯдакон бо автомашинаи тамғаи SsangYong Musso ба сафар мебароянд.

Гуфта мешавад, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.

“Вале аз шиддати борони зиёд ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он мелағжад ва ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки бар асари ин садама, Некрӯз Амонови 5-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигар аъзои оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.