Барои исботи парвандаи нави Иззат Амон ба Раёсати тафтишотии ВКД дархост фиристодаанд

Барои исботи иттиҳом дар парвандаи нав алайҳи Иззат Амон, ҳомии зиндонишудаи ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Саидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон иттилоъ дод. Ин дархост аз сӯйи вакили дифоъ ба ВКД ирсол […]

Барои исботи иттиҳом дар парвандаи нав алайҳи Иззат Амон, ҳомии зиндонишудаи ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Саидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон иттилоъ дод.

Ин дархост аз сӯйи вакили дифоъ ба ВКД ирсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, парвандаи нав оғоз шудааст ва зерҳимояи ӯ бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор бозпурсӣ шавад.

«Ҳоло маълум нест, ки зерҳимояи ман ин ҳолатро бар дӯш мегирад ё на. Дархост ба Раёсати тафтишотии ВКД низ дар ҳоле фиристода шуд, ки зерҳимояи маро бо шхсе, ки ба мақомот шикоят бурдааст, бояд рӯ ба рӯ бикунанд.  Он гоҳ маълум мешавад, ки ин ҳолат то то куҷо исбот мешавад», – гуфт вакил.

Хотиррасон мекунем, ки наздикони Иззат Амон, боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯро беасос медонанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳафт сол пеш ҳал шудаасту ниёзе ба боз кардани паврандаи нав нест.

Модари Иззат Амон, Ашӯрбибӣ Холова дирӯз, 9 март дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки бар зидди фарзандаш парвандаи нав кушодаанд ва барои баррасӣ Иззатро аз зиндони маъруф ба “Якум Советский” ба боздоштгоҳи мувақатии Душанбе (СИЗО) овардаанд.

Ӯ афзуд, шахсеро ки аз писараш ба мақомот шикоят бурдааст, мешиносад ва масъала сари 10 ҳазор долларе аст, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш ҳал шудааст.

– Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд,- гуфт модари Иззат Амон.

Ашӯрбибӣ Холова афзуд, ки парвандаи нав нисбати писараш сохта буда, ин қазия асосе барои боз кардани парвандаи нав нест.

Бояд гуфт, ки ҳудуди се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.

Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.

– Ман “срок” – амро шишта, буромадам, Тоҷикистон омадам. Чанд бор занг задамша, гуфт (Иззат Амон дар назар аст- муаллиф), ки ман пули туро “расход” кардам. Ман дар интернет мебинам, ки писари Иззат Амон мегӯяд, падари маро барои 320 сомонӣ зиндон карданд. Падари тӯ (Иззат Амон дар назар аст,- муаллиф) аз ман 10 ҳазор доллар қарздор аст, то ҳол барнагардондааст. Пули маро баргардонед,- мегӯяд Нурулло Воҳидов.

Ӯ дар идома аз мақомот хоҳиш намудааст, ки ба додаш расанд ва Иззат Амон заррашро барқарор кунад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошта буд.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.