Дар пайи Ӯзбекистон Русия низ маҳдудиятҳои пандемияро лағв кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 11 март “Росавиатсия” дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба бемории коронавирус зимни парвозҳои ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар ҷорӣ гардида буд, дар як қатор давлатҳо хабар дод. Дар байни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст.

– “Росавиатсия” дар бораи лағви маҳдудиятҳое, ки бар асари коронавирус дар парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Эрон ҷорӣ шуда буданд, эълон кард, – менависанд расонаҳои русӣ.

Ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтааст, ки кадом маҳдудиятҳо лағв карда шуд.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо аз ҷониби Русия дархости расмӣ қабул накардаанд ва ҳамин тариқ, маълум нест ки ин маҳдудитяҳо чиро дар бар мегирад.

– Дар ҳолати расман қабул намудани дархост дар мавриди лағви маҳдудиятҳо маълум мегардад, ки кадом махдудиятҳо бардошта мешаванд. Ҳоло мо расман аз ҷониби Русия дархост қабул накардаем, аз ин рӯ дар бораи маҳдудиятҳо чизе гуфт наметавонем, – гуфт дар суҳбат бо “Азия – Плюс”Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...