Муҳоҷири тоҷик дар Маскав як мактабхонеро, ки ба релси метро афтода буд, наҷот дод

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон як мактабхони 10-соларо, ки дар роҳи метрополитени Маскав рӯи релсҳо афтида буд, наҷот дод.

Тавре ки MK.ru хабар медиҳад, пештар наврас ҳамроҳи волидайнаш ба машғулиятҳои касбомӯзӣ рафта, ҳамагӣ се моҳ пеш мустақилона худаш ин корро мекардааст.

Яке аз мусофирзанони метро ба рӯзноманигорон нақл кардааст, ки як марди симои осиёидошта кӯдакро ба платформа кашида баровардааст. Ин шахс зодаи 40-солаи Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, пас аз ин ҳодиса наврасро дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ намуда, вазъи солимии ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ба наҷотдиҳандаи ӯ, зодаи 40-солаи Тоҷикистон лозим омад, ки бо намояндагони таъмини тартибот суҳбат кунад. Мард тамоми ҳолатҳои қазияро нақл карда, иброз дошт, ки чӣ гуна аз платформа афтидани наврасро дидааст. Ин мард 20 сол инҷониб дар Маскав зиндагӣ дошта, рӯзгорашро бо корҳо дар сохтмон ва таъмир пеш мебарад. Лекин ҳоло бекор аст”, – омадааст дар сомона.

Ин бори аввал нест, ки тоҷикон барои наҷоти одамон дар Русия ҷони худро зери хатар мегузоранд. Масалан, моҳи июни соли 2020 донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаров як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист ва ғарқ шуд. Ӯ он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Баъдан ҳукуматдорони Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карданд.

Дар соли 2018 низ як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Фарзон Салимов ҷони худро зери хатар гузошта, даҳҳо нафарро аз сӯхтор дар маркази савдои “Зимняя вишня”-и Кемерово наҷот дод. Баъдан Кумитаи тафтишоти Русия ӯро бо медал сарфароз кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...