“Уральские авиалинии”: Ҳама мушкилот ҳал шуда, парвозҳоро ба Тоҷикистон идома медиҳем

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкат мушкилоти пайдошударо, ки ба боздошт ё бекор шудани парвоз дар хатсайрҳо боис гардид, ҳаллу фасл намуда, парвозҳоро ба ё аз Тоҷикистон ба Русия барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” рӯзи 15 март аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”.

“Дар давоми ду рӯз 5 парвоз дар хатсайрҳои мо бекор ва якчанд парвозҳо ба таъхир афтоданд. Сабабҳои ин ба таҳримҳои авиатсионӣ нисбати Русия ва ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои мусофирбари Русия гузаронидани ҳавопаймоҳо марбут аст. Ҳоло сабти дубораи ҳавопаймоҳо идома дорад”, – иброз доштанд дар намояндагӣ.

Дар ширкат гуфтанд, “билетҳое, ки ба хатсайрҳои бекоршуда харида шудаанд, ба дигар хатсайрҳо гузаронида мешаванд”.

Зимнан таъкид шуд, ки аз рӯзи 15 март ширкат ба иҷрои парвозҳои таъхиршуда аз фурудгоҳҳои гуногуни кишвар оғоз мекунад.

“Маълумот дар бораи боздоштани иҷрои барномаи парвозҳо ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Мо парвозҳоро қатъ накарда, минбаъд низ онҳоро анҷом хоҳем дод”, – илова намуданд дар намояндагии ширкат.

Қобили зикр аст, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 март қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ширкатҳои Русия ба сабти ҳуқуқҳо ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ, ки ба сифати лизинг дар ихтиёриашон аст, имкон пайдо мекунанд, хабар дод нашрияи “Известия”.

Аз ин ба баъд ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳавопаймоҳои хориҷиро дар хатсайрҳои дохилӣ истифода бурда метавонанд ва инчунин ба онҳо гувоҳномаҳо (сертификатҳо)-и коршоямии парвоз дар Русия дода мешавад.

Қаблан дар бораи ба таъхир афтодани парвоз дар хатсайрҳои ширкати “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон ва Русия, инчунин арзон шудани билети парвозҳо ба Русия хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...