Мактабхонҳои Тоҷикистон аз 21 март ба таътил мебароянд

Дар Тоҷикистон аз 21 март таътили баҳории толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, то 31 март давом мекунад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд,20 март рӯзи охирини хониш буда, аз 21 март мактабхонҳо ба таътил мебароянд. Ба иттилои манбаъ, барои ҳамаи хонандагон дарсҳо аз 1 апрел оғоз мегардад. […]

Дар Тоҷикистон аз 21 март таътили баҳории толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, то 31 март давом мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд,20 март рӯзи охирини хониш буда, аз 21 март мактабхонҳо ба таътил мебароянд.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳамаи хонандагон дарсҳо аз 1 апрел оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ соли 2018 барқарор шуда, муҳлати таътили зимистона кам шуд.

Қаблан, шурӯъ аз соли хониши 2010-2011 хонандагони мактабҳо аз таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ маҳрум шуда, тамоми моҳи январ истироҳат мекарданд.

Он замон Вазорати маориф иқдоми худро чунин шарҳ дода буд, ки шароити баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳои мактабӣ беҳтар шуда, муаллимону хонандагон аз ҷараёни дарсу таълим канор намемонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.