Рухшонаи Эмомалӣ ба Маликаи Бритониё эътимоданома супурд. Шамсулло Соҳибов ҳам буд

Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Бритониёни Кабир ва Иралндияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ баМаликаи Бритониё Елизаветаи II эътимоднома супурд. Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифт. Рухшонаи Эмомалӣ духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нухустин сафири зан дар таърихи дипломатияи Тоҷикистон аст. Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст ва дар аксҳое, ки […]

Asia-Plus

Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Бритониёни Кабир ва Иралндияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ баМаликаи Бритониё Елизаветаи II эътимоднома супурд. Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Рухшонаи Эмомалӣ духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нухустин сафири зан дар таърихи дипломатияи Тоҷикистон аст.

Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст ва дар аксҳое, ки нашр шудааст, дида мешавад, сафири Тоҷикистонро ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, тоҷири маъруф ва молики ширкати пурсарусадои "Фароз" низ ҳамроҳӣ мекунад.

Бар асоси муқаррароти даврони ҳамагириии Бритониё, маликаи 95-солаи ин кишвар, Елизаветаи II, дар қароргоҳи худ дар Қасри Виндзор ин маросимро тавассути видео дид. Вай дар охири моҳи феврали имсол ба коронавирус мубтало шудааст.

Маросими супурдани эътимоднома рӯзи 15-уми март сурат гирифтааст. Дар ин бораи саҳфаи Twitterи Маликаи Бритониё хабар додааст.

 

Рухшона Эмомалӣ бо фармони падараш Эмомалӣ раҳмон 15-уми декабрия 2021 сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуда буд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи  Масуда Халифазода омад.

Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт.

Соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯнамоии китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" хабар дода буд, ки муаллифи он Рухшона Эмомалӣ буд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур – Озода Раҳмон, низ кор мекард. Ӯ дар ин вазорат ба унвони сардори сарраёсати консулӣ, муовин ва муовини аввали вазир кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?