“Уральские авиалинии”: Ҳама мушкилот ҳал шуда, парвозҳоро ба Тоҷикистон идома медиҳем

Ширкат мушкилоти пайдошударо, ки ба боздошт ё бекор шудани парвоз дар хатсайрҳо боис гардид, ҳаллу фасл намуда, парвозҳоро ба ё аз Тоҷикистон ба Русия барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” рӯзи 15 март аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”. “Дар давоми ду рӯз 5 парвоз дар хатсайрҳои мо бекор ва якчанд парвозҳо ба таъхир афтоданд. […]

Ширкат мушкилоти пайдошударо, ки ба боздошт ё бекор шудани парвоз дар хатсайрҳо боис гардид, ҳаллу фасл намуда, парвозҳоро ба ё аз Тоҷикистон ба Русия барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” рӯзи 15 март аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”.

“Дар давоми ду рӯз 5 парвоз дар хатсайрҳои мо бекор ва якчанд парвозҳо ба таъхир афтоданд. Сабабҳои ин ба таҳримҳои авиатсионӣ нисбати Русия ва ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои мусофирбари Русия гузаронидани ҳавопаймоҳо марбут аст. Ҳоло сабти дубораи ҳавопаймоҳо идома дорад”, – иброз доштанд дар намояндагӣ.

Дар ширкат гуфтанд, “билетҳое, ки ба хатсайрҳои бекоршуда харида шудаанд, ба дигар хатсайрҳо гузаронида мешаванд”.

Зимнан таъкид шуд, ки аз рӯзи 15 март ширкат ба иҷрои парвозҳои таъхиршуда аз фурудгоҳҳои гуногуни кишвар оғоз мекунад.

“Маълумот дар бораи боздоштани иҷрои барномаи парвозҳо ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Мо парвозҳоро қатъ накарда, минбаъд низ онҳоро анҷом хоҳем дод”, – илова намуданд дар намояндагии ширкат.

Қобили зикр аст, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 март қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ширкатҳои Русия ба сабти ҳуқуқҳо ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ, ки ба сифати лизинг дар ихтиёриашон аст, имкон пайдо мекунанд, хабар дод нашрияи “Известия”.

Аз ин ба баъд ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳавопаймоҳои хориҷиро дар хатсайрҳои дохилӣ истифода бурда метавонанд ва инчунин ба онҳо гувоҳномаҳо (сертификатҳо)-и коршоямии парвоз дар Русия дода мешавад.

Қаблан дар бораи ба таъхир афтодани парвоз дар хатсайрҳои ширкати “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон ва Русия, инчунин арзон шудани билети парвозҳо ба Русия хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.