Дар Русия лоиҳаи қонун дар бораи феҳристи ягонаи кормандони хориҷӣ ва корфармоҳо таҳия мешавад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор намудааст, ки механизмҳои ҳуқуқии танзимгари реҷаи будубоши муҳоҷирон бозбинӣ мехоҳанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. Лоиҳаи қонуне, ки дар он роҳандозии феҳристи ягонаи кормандони хориҷии ҷалбшуда ва корфармоҳои онҳо пешбинӣ мегардад, барои пешниҳод ба парлумон омода мешавад. “Механизмҳои ҳуқуқии танзимгари реҷаи будубоши муҳоҷирон дар Русия […]

Asia-Plus

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор намудааст, ки механизмҳои ҳуқуқии танзимгари реҷаи будубоши муҳоҷирон бозбинӣ мехоҳанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи қонуне, ки дар он роҳандозии феҳристи ягонаи кормандони хориҷии ҷалбшуда ва корфармоҳои онҳо пешбинӣ мегардад, барои пешниҳод ба парлумон омода мешавад.

“Механизмҳои ҳуқуқии танзимгари реҷаи будубоши муҳоҷирон дар Русия бозбинӣ мехоҳанд. Дар қонуни федералӣ, ки барои пешниҳод ба парлумон омода мешавад, роҳандозии феҳристи ягонаи кормандони хориҷии ҷалбшуда ва корфармоҳои онҳо пешбинӣ шудааст”, – изҳор доштааст Медведев зимни ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масоили такмили сиёсати давлатии муҳоҷират.

Ӯ шарҳ додааст, ки ин иқдом ба бештар шаффофу муассир гардидани расмиёт ва механизмҳо дар ин соҳа, инчунин муборизаи пурсамар дар бозори пасипардагии хидматрасониҳо дар соҳаи мазкур имкон медиҳад. Ин далелҳо ҳоло ҳам зиёданд. Мо дар яке аз маҷлисхои худ дар ин бора сухан ронда будем: дар шароити ҳозира он ҳатто меафзояд”, – гуфтааст вай.

Бино ба арзёбии ӯ, муҳим он аст, ки ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва хадамоти соҳавӣ ба ҷорисозии модели чунин феҳрист омода бошанд. «Он гоҳ мо ҳадди ақалл тасаввуроти равшане хоҳем дошт, ки кӣ дар куҷо кор мекунад, бақайдгирӣ чӣ гуна сурат мегирад, кӣ дар куҷосту ба куҷо меравад ва ғайра”, – иброз доштааст ӯ.

Медведев зикр кардааст, ки аз номуайянӣ дар раванди муҳоҷират афроде истифода мекунанд, ки дар соҳаи муҳоҷират ба тиҷорати ғайриқонунӣ машғуланд ва ё худашон мехоҳанд ба Русия ғайриқонунӣ ворид шаванд.

“Аз ин рӯ, ҳамаи ин маълумоти феҳрист бояд барои ҳадафҳои худ хизмат кунанду мавриди амал қарор гиранд. Ва баробари таъсис, бояд истифода аз ин феҳристҳо ба роҳ монда шавад. Агар зарур бошад, табиист, ки ба лоиҳаи қонун низ тағйирот ворид шавад”, – илова кардааст Медведев.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.