Бар асари як сӯхтор дар Бохтар се шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтаанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар бар асари як сӯхтор се шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтаанд. Дар ин сухтор, аз ҷумла ду кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расида аст. Гуфта мешавад ин шаҳрвандони Ӯзбекистон дар манзили иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо  “Азия-Плюс” ин ҳодиса ва ҳалокати се шаҳрванди кишвари ҳамсояро таъйид кард.

“Сухтор рӯзи якшанбе, 27-уми март, дар хонаи №6- и маҳаллаи Баҳор сар зада аст. Ин шаҳрвандони Узбекистон дар ин хона иҷоранишин будаанд. Чуноне маълум шуд, субҳ соати 7:00 модари хона, ки ба соҳибкорӣ машғул буд ба шаҳри Турсунзода меравад. Достон Нормуминов падари хонавода дари хонаро маҳкам карда, барои хариди шир меравад. Дар вақти набудани падар, кӯдакон дастгоҳи гармкунии электрикиро чапа мекунанд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал меояд",- гуфт Бегиҷонзода.

Ба гуфтаи ин масъули сӯторнишонӣ, ҳамсояҳо тақрибан соати 8 аз сӯхтор  хабар мешаванд ва дари хонаро мешикананд. Вале вориди хона шуда наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонӣ занг мезананд. То расидани мо, Достон Нормуминов расида меояд ва барои наҷоти кӯдаконаш ба хона медарояд. Вақте ду дастаи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва вориди хона мешаванд, алакай кӯдакон ва падарашон  ба ҳалокат расида буданд. Ҷасади онҳо аз онҷо берун баровада шуд.

Достон Нормуминов, сокини кӯчаи Абдулло Қаландари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда,  соли таввалудаш 1996 буд. Кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола буданд.

Дар пай ин сӯхтор, додситонии шаҳри Бохтар санҷиишро оғоз кардааст.

Валиҷон Бегиҷонзода мегӯяд, бино ба хулосаҳои пешакӣ гунаҳкори сар задани сӯхтор ва ба ҳалокат расидани кӯдакон падарашон марҳум Достон Рустамов шудааст.

“Агар Достон Рустамов дари кӯдаконро қуфл намекард онҳо имкони зинда мондаро доштанд. Вале падарашон дарро маҳкам кардаву рафта аст. Дар натиҷа ҳам худ ва ҳам кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд”,- мегӯяд Валиҷон Бегиҷонов.

Ба гуфти манбаъ ҷасадҳоро алакай барои дафн кардан ба Ҷумҳурии Узбекистон бурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...