Бонкҳои Тоҷикистон аз хариди доллари нақд худдорӣ мекунанд. Чаро?

Нуқтаҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир аз харидани доллари амрикоӣ худдорӣ мекунанд. Кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин ҳолатро ба мавҷуд набудани асъори миллӣ – сомонӣ марбут медонанд. Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд дар ҳафтаи ахир ба таври назаррас – ба ҳисоби миёна ба андозаи 5% (аз 13 то 12,30 сомонӣ барои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нуқтаҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир аз харидани доллари амрикоӣ худдорӣ мекунанд.

Кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин ҳолатро ба мавҷуд набудани асъори миллӣ – сомонӣ марбут медонанд.

Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд дар ҳафтаи ахир ба таври назаррас – ба ҳисоби миёна ба андозаи 5% (аз 13 то 12,30 сомонӣ барои 1 доллар) поин рафт.

Ҳамчунин қурби фурӯши доллар ба андозаи начандон назаррас – аз 13,04 то ба 12,94 сомонӣ кам шуд.

Имрӯзҳо қариб дар ҳамаи марказҳои бонкӣ нафаронеро дидан мумкин аст, ки мехоҳанд долларро ба сомонӣ иваз кунанд. Қаблан акси ҳол ба мушоҳида мерасид, мардум бештар доллар харидан мехостанд.

Бонкҳо бо камоли майл долларро мехариданду лекин намефурӯхтанд ва сабаб пеш меоварданд, ки доллар надоранд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Ҳолати ғайримуқаррарии мавҷударо дар бозори асъори Тоҷикистон коршиносон ба тамоилҳои сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодии кунунӣ дар Русия, аз ҷумла нияти мақомоти Русия барои фурӯши гази табиӣ бо рубл вобаста медонанд. Тайи ҳафтаи ахир қурби рубл нисбати доллар дар бонкҳои Русия 10% боло рафт.

Қурби рубл нисбат ба пули милли Тоҷикистон – сомонӣ низ боло рафта, аз 125 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 25 март то ба 151 сомонӣ барои имрӯз, 30 март зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон то ҳанӯз вазъияти ҳозираро дар бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ шарҳ намедиҳад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар имрӯз ба мисли ахири ҳафтаи гузашта дар сатҳи 12,96 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.