Баҳси рақамисозии иқтисоди минтақа дар ҷаласаи ҷавонони СҲШ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳамоиши 9-уми ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) оғоз шуд, ки дар кори он магистрантҳо ва олимони ҷавони Тоҷикистону Узбекистон мавзуи рақамикунонии минтақаи ин созмонро матраҳ мекунанд. Ин ҳамоиши муштараки дурӯза “Маъмурияти 2030 – Насли СҲШ ҳамчун омили асосии рақамисозии минтақа” ном дорад, ки он бо пуштибонии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ […]

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳамоиши 9-уми ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) оғоз шуд, ки дар кори он магистрантҳо ва олимони ҷавони Тоҷикистону Узбекистон мавзуи рақамикунонии минтақаи ин созмонро матраҳ мекунанд.

Ин ҳамоиши муштараки дурӯза “Маъмурияти 2030 – Насли СҲШ ҳамчун омили асосии рақамисозии минтақа” ном дорад, ки он бо пуштибонии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Узбекистон ва Платформаи ҷавонони кишварҳои узви ин созмон SCOLAR Network баргузор мегардад.

Шукрона Раҷабова, муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар кори ин ҳамоиш магистрантҳо ва олимони ҷавон аз Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок ва мавзуи рақамикунонии иқтисодиёт ва самтҳои дигарри узви ин созмонро баррасӣ мекунанд.

“Дар шароити пандемияи коронавирус хидматрасониҳои давлатӣ, хариду фурӯш, иқтисодиёт ва кори бисёр самтҳо ба тариқи онлайн, тавассути интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ рушду тақвият додани самти кор дар доираи ин чорабинӣ матраҳ мешавад ва роҳу воситаҳо ва аҳамияти рақамикунонӣ баррасӣ мегардад”,-изҳор дошт, Шукрона Раҷабова.

Ин ҳамоиш ба таври бозии интерактивии “Модели СҲШ” гузаронида мешавад ва онро як василаи омодагӣ ба нишасти пешорӯйи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки дар назар аст тирамоҳи имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад унвон мекунанд.

Ба иттилои манбаъ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва дипломатияи Тошканд ба ин ҳамоиш даҳҳо нафар ҷавонони муҳассил ва олими риштаи муносибатҳои муосири байналмилалиро сафарбар кардаанд.

Ба гуфти манбаъ, дар ин ҳамоиш Дабири кулли СҲШ ҷаноби Ян Минг низ иштирок кард ва суханронӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ширкаткунандагони ин ҳамоиш, худро дар нақши сарони кишварҳои узви СҲШ муаррифӣ намуда, дидгоҳи миллии мушкилот ва ҳалли онро муаррифӣ намуда, дурнамои рушди соҳаи рақамиро ҳамаҷониба муҳокима мекунанд.

Дар ин кор ба гурӯҳи ҷавонони ширкаткунанда мутахассисону коршиносон кӯмак мерасонд.

Дар назар аст, дар ҷаласаи ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳ барои омӯзиш ба Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои СҲШ пешниҳод шавад.

Пешниҳоде низ шудааст, ки дар чаҳорчӯби Донишгоҳи СҲШ барои омодасозии мутахассисон дар соҳаи ТИК (ИКТ) ва рақамисозӣ як минтақаи махсус (Институт) ҷудо карда шавад ва дар заминаи ин созмон Маркази мубориза бо киберҷиноятҳо кушода шуда, фонди “Рақамии СҲШ” таъсис ёбад. Ҳамзамон таҳияи раводиди ягонаи сайёҳӣ "VISA Tourist SCO" ва таҳияи лоиҳаи “Озмоишгоҳи оқилонаи хоҷагӣ” низ дар назар аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...