Умеда баъди шаш рӯзи бедарак шудан аз Норак пайдо шуд

Умеда Аҳадова, ҷавондухтари 18-сола, ки рӯзи 23 март бедарак гардида буд, аз шаҳри Норак пайдо гардидааст.  Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳарашро аз шаҳри Норак пайдо намудаанд ва ҳоло дар хона қарор дорад. Ба гуфтаи Хуршеда баъди нашр гардидани хабар дар мавриди бедарак шудани Умеда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оҷонсии иттилоотии […]

Умеда Аҳадова, ҷавондухтари 18-сола, ки рӯзи 23 март бедарак гардида буд, аз шаҳри Норак пайдо гардидааст.  Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳарашро аз шаҳри Норак пайдо намудаанд ва ҳоло дар хона қарор дорад.

Ба гуфтаи Хуршеда баъди нашр гардидани хабар дар мавриди бедарак шудани Умеда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ба онҳо як нафар тамос гирифта, дар бораи дар куҷо қарор доштани хоҳарашон маълумот додааст.

«Баъди нашри хабар, занг зада ҷояшро ба мо гуфтанд. Як духтарак дидаст ва то омадани мо нигоҳ доштааст дар хонааш. Худоро шукр соқу саломат аст»,- мегӯяд хоҳараш.

Умедаро наздиконаш шабона ба хона оварданд ва хоҳарбузургаш мегӯяд, ки дақиқан аз ӯ напурсидаанд, ки бо кадом роҳе ба шаҳри Норак рафтааст ва тӯли ин чанд рӯз дар куҷо ба сар бурдааст. 

«Ҳоло напурсидем, чунки шабона овардем хона. Ба ҳамаи нафароне, ки дар кофтукоб кӯмак намуданд ва бетараф  набуданд, изҳори сипос мекунем",-мегӯяд ӯ.

Хотирасон мекунем, ки наздикони ин ҷавондухтари 18-сола барои пайдо намудани Умеда аз мардум кӯмак хоста буданд. Ин ҷавондухтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда, кофтукоб ва талошҳои наздиконаш то дирӯз натиҷае надода буд. 
Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда  қаблан дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад ва панҷ рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст ва ҳоло намедонанд хоҳараш дар кадом ҳолат ва чӣ шароит ин рӯзҳоро паси сар намуда истодааст. 

Хуршеда қисса кард, ки хоҳараш рӯзи 23-юми март, соати 10 барои партофтани партов, ки дар канори манзили зисташон қарор дорад меравад ва дигар ба хона бар намегардад. Аъзои хонавода баъди каме дертар ҳозир шудани Умеда берун мераванд, вале ӯро пайдо намекунанд. 

Хоҳарбузурги Умеда гуфта буд, ки ба далели бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард. 
Хонаводаи Умеда Аҳадова ҳоло аз тамоми мардум барои дарёфти фарзандашон изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.