Парлумон тасдиқ кард.Тоҷикону ӯзбекон дар кишварҳои якдигар 10 рӯз бе сабти ном мегарданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд. Аз ин пештар, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар ҳамагӣ 3 рӯз бидуни сабти ном метавонистанд иқомат кунанд. Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони […]

Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд.

Аз ин пештар, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар ҳамагӣ 3 рӯз бидуни сабти ном метавонистанд иқомат кунанд.

Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар ба тасвиб расид.

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода зимни шаҳри созишномаи мазкур дар ҳузури вакилон ҳадафи қабули онро афзоиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ унвон кард.

– Дар банди 3 созишномаи мазкур ворид шуд, ки шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд,- гуфт Раҳмонзода.

Гуфта мешавад, ки аз ин пештар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар мекаранд, бояд дар давоми се рӯз худро дар ин кишвар  сабти ном мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт, махсусан  дар масъалаи бо реҷаи раводид ворид шудани шаҳрвандони ду кишвар ба Ӯзбекистгн ва Тоҷикистон. 

Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.