Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Белорус баргузор мешавад: ҷадвали намоиши филмҳо

Аз 30 март то 1 апрели соли 2022 дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус баргузор мегардад, ки алоқамандони синамо метавонанд, филмҳои истеҳсоли Беларусро дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамошо кунанд. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.   Манбаъ гуфт, ки расман Рӯзҳои кинои Белорус 31 марти […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 30 март то 1 апрели соли 2022 дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус баргузор мегардад, ки алоқамандони синамо метавонанд, филмҳои истеҳсоли Беларусро дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамошо кунанд. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.  

Манбаъ гуфт, ки расман Рӯзҳои кинои Белорус 31 марти соли 2022 ифтитоҳ гардида, рӯзи 30 март соати 14:00 дар робита ба баргузории он дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. 

Рӯйхати намоиши филмҳои истеҳсоли Беларус дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон дар шарҳу навоҳи кишвар аз 30 март то 1 апрели соли 2022:

30.03.2022, соати 10:00, ноҳияи Файзобод, кинотеатри «Рӯдакӣ», филми «Замони ҷанг одам будан»;

31.03.2022, соати 19:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Наврӯз», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;

31.03.2022, соати 10:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Ватан», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;

31.03.2022 соати 10:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанг, фалми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;

01.04.2022, соати 15:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри ҷавонон филми «Арвоҳи Киндервил»;

31.03.2022 соати 10:00, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ш. Хорӯғ, Театри вилоятӣ, филми  «Қисмати тахрибкор»;

31.03.2022 соати 10:00, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кинотеатри Лоҳутӣ, филми «Қисмати тахрибкор»;

01.04.2022, соати 11:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, филми «Арвоҳи Киндервил»

01.04.2022, соати 15:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Зебуннисо» филми «Қисмати тахрибкор»

01.04.2022, соати 14:00, шаҳри Ҳисор, Қасри фарҳанг, филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.